ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИҚТИСОД ВА САНОАТ

ИҚТИСОД ВА САНОАТ

06 сентябр 2023, Чоршанбе
26
0
ДАР РАШТ 5 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ  СОХТА МЕШАВАД
Шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Рашт ба ҳолати 1 июли соли равон 30-торо ташкил дод.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, дар доираи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026  нақшаи чорабиниҳо таҳия шуда, то соли 2026 бунёди 21 корхонаи саноатӣ дар назар аст. Аз ҷумла, то охири соли 2023 бояд 5 корхонаи истеҳсолӣ  сохта шавад.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Рашт 17,8 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 319,3 ҳазор сомонӣ ё 1,8 фоиз зиёд мебошад.
 
 
 БАРРАСИИ ФОРУМИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАИ СММ
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо мудири минтақавии Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои рушд (UNDCO) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Гви-Еоп Сон мулоқот кард.
Ҷонибҳо ҳамкориҳои дутарафаро ҷиҳати мусоидат барои маблағгузории ҳадафҳои стратегии кишвар, татбиқи пурра ва босифати чорчӯбаи ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026, пешниҳоди кумаки молиявию техникӣ ҷиҳати тақвият бахшидани низоми миллии мониторинг ва арзёбии раванди татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, таҳия ва муаррифии шоистаи шарҳи ихтиёрии маҳаллиро муҳокима намуданд. Инчунин, ҷонибҳо корҳои омодагиро ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Хонум Гви-Еоп Сон дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, омодагии Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои онро барои мусоидат кардан дар амалӣ гардондани ҳадафу афзалиятҳои рушди кишвар ва баргузории чорабиниҳои қайдгардида баён намуд.
 
 
МУЛОҚОТИ ФАЙЗИДДИН ҚАҲҲОРЗОДА  БО БАНДЕР АЛБАЗАЙ
Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо муовини директори иҷроияи Фонди саудии рушд оид ба стратегия ва рушд Бандер Албазай, ки бо сафари корӣ ба кишвар ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Дар аснои суҳбат ҷонибҳо атрофи масъалаҳои сармоягузорӣ, бахусус сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, ибрози андеша намуда, оид ба рушду тақвияти бештари ҳамкориҳо изҳори омодагӣ намуданд.
 
 
АФЗОИШИ МУЗДИ МЕҲНАТИ МИЁНА
Музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналии кормандони низоми бонкӣ дар Тоҷикистон тайи ду соли ахир қариб 36% ва кормандони бахши кишоварзӣ 20% зиёд шудааст. 
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми музди меҳнати миёнаи кормандони бонк то аввали нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 5822 сомонӣ (532 доллари ИМА) расид ва ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2021 маоши миёнаи онҳо 4291 сомониро ташкил медод. Музди меҳнати кормандони бахши кишоварзӣ дар ин давра аз 597 сомонӣ то 719 сомонӣ (66 доллар) расидааст.
Маоши миёнаи моҳонаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ то 1 июли соли ҷорӣ 2227 сомонӣ (203 доллар) ва музди меҳнати ҳадди ақал 600 сомонӣ (55 доллар)-ро ташкил додааст.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.09.2023 №: 179
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив