ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АШТ.  РОҲҲО ОБОДУ МАРДУМ ШОДАНД

АШТ.  РОҲҲО ОБОДУ МАРДУМ ШОДАНД

06 сентябр 2023, Чоршанбе
15
0
Тибқи нақшаи роҳбарияти вилояти Суғд,   соли 2023 таъмиру тармими 2002 км роҳ, аз ҷумла 228 км таъмири асосӣ, 975 км таъмири  ҷорӣ ва 799 км шағалпӯш, пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар деҳоти Понғози ноҳияи Ашт корҳои созандагию бунёдкорӣ ва мумфаршкуниву  таъмири роҳҳо ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт бомаром ҷараён доранд.
Дар доираи ин тадбирҳои ободонӣ, ҷараёни бунёдкориҳо ва дар идомаи ташаббуси роҳсозии раиси ноҳияи Ашт сокинони бонангу номуси деҳоти Понғоз нақша доранд, ки 7 километр роҳро тариқи ҳашар мумфарш намоянд. 
Бино ба иттилои масъулин, бо саҳми мардуми меҳнатқарини ин деҳот барои таъмири роҳ беш аз 4 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки байни 9 деҳоти ноҳия намунаи ибрат мебошад.
То имрӯз қариб 4 километр роҳҳои дохилӣ мумфарш гардида, кор дар ин самт идома дорад.  Дар ин замина, ба гуфтаи масъулин, 10 тангкӯча  мумфарш шуда, 5 кӯчаи дигар бояд асфалтпӯш шавад. Барои сари вақт ва хушсифат иҷро намудани корҳои роҳсозӣ наздик ба 20  техникаи хурду бузург сафарбар   шудааст.
Мардуми  деҳа аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат, раиси вилояти Суғд ва раиси ноҳия шод гашта, миннатдории хешро баён карданд ва иброз намуданд, ки ҳамеша дар паҳлуи раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода ҳастанд ва дар ободии Ватани азиз саҳм мегузоранд.
Хушбахтона, аз чунин иқдоми неки мардуми меҳнатқарини деҳоти Понғоз дигар шаҳраку деҳоти Шайдон, Меҳробод, Пунук, Ошоба ва Ориён илҳоми тоза гирифта, иқдом гирифтаанд, ки ба корҳои мумфаршкунӣ марҳила бар марҳила вусъати тоза бахшанд.
 
Саъдулло МАХКАМОВ, рӯзноманигор
Санаи нашр: 06.09.2023 №: 179
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив