ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». АЗ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 115 НАФАР  БА ДАВРИ НИҲОӢ РОҲ ЁФТ

«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». АЗ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 115 НАФАР  БА ДАВРИ НИҲОӢ РОҲ ЁФТ

06 сентябр 2023, Чоршанбе
13
0
Аз 14  то 21 – уми августи соли равон  дар  шаҳри Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз рӯйи 5 номинатсия — композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн доир гардид ва 115 нафар ғолиб ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифт.
 
Тибқи иттилои масъулон, шумораи умумии иштирокчиёни даври вилоятӣ 706 нафарро ташкил дода, бо назардошти ду номинатсияи иловагардида, шумораи ғолибон нисбат ба солҳои қаблӣ 35 нафар зиёд шуд.
Номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн бори аввал баргузор гаштанд ва дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дохили бино, мӯд ва бофандагии бадеӣ маҳорат санҷиданд.
Баргузории даври сеюми  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз 2-юми феврали соли 2023 ҷиҳати амалӣ кардани чорабинии мазкур 3750000 (се миллиону ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ  ҷудо гардид.
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 06.09.2023 №: 179
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив