ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БМТ. САРДОРИ ИДОРАИ КОРҲО  БО МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ ҚАДР ШУД

БМТ. САРДОРИ ИДОРАИ КОРҲО  БО МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ ҚАДР ШУД

07 сентябр 2023, Панҷшанбе
37
0
Дар арафаи Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори идораи корҳои Бонки миллии Тоҷикистон Пиров Абубакр Исломович барои фаъолияти босамари меҳнатӣ бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид. 
Маросими тантанавии супурдани Ифтихорнома бо иштироки ёрдамчии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирӯз Шарифзода, Гулбаҳор Назирӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории бонк сурат гирифт.
Дар ҷамъомад Неъматулло Ҳикматуллозода кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро бо фарорасии 32-юмин солгарди Ҷашни муқаддаси миллӣ - Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кафолати рушди мамлакат ва муҳимтарин омили пешравии ҷомеа мебошад ва маҳз ба шарофати сиёсати сулҳпарваронаву дурандешона ва кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун неъмати нодиру бебаҳо ба мо муяссар гардидааст, самимона таҳният гуфта, барои ба даст овардани комёбиҳои нав ба нави меҳнатӣ ва рушди низоми бонкӣ муваффақиятҳои беназир таманно намуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз ҷониби худ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии доимии рушди низоми бонкии мамлакат миннатдории тамоми кормандони соҳаро баён намуда, таъкид бар он дошт, ки дар арафаи Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар корманди Бонки миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадр гардид.
Дар фарҷоми ҷаласаи тантанавӣ бо боварии том изҳор шуд, ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат соли ҷориро бо дастовардҳои арзанда ҷамъбаст намуда, барои боз ҳам беҳтару хубтар кардани дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба хизматрасониҳои бонкӣ ва устувории иқтисоди миллӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.09.2023 №: 180
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив