ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ТАЪРИХИ ТИБ ВА  ТАБИБОНИ МАСТЧОҲ»

«ТАЪРИХИ ТИБ ВА  ТАБИБОНИ МАСТЧОҲ»

07 сентябр 2023, Панҷшанбе
225
0
Китоби «Таърихи тиб ва табибони Мастчоҳ. Аз Кӯҳистон то Бӯстон» оид ба таърихи пайдоиши муассисаҳои тиббӣ дар ин мавзеъ, мақому маърифати тиб, табибони мардумии ин ноҳия, ҳолати хизматрасонӣ дар охири асри Х1Х ва аввали садаи ХХ, ташкили бунгоҳҳои табобатӣ пас аз Инқилоби Октябр, инчунин, хотираҳои мутахассисони соҳаи тиб, рушди соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Мастчоҳ дар давраи сӣ соли истиқлоли давлатӣ ва маълумоти энсиклопедӣ доир ба табибону бародарону хоҳарони шафқат ва кормандони маъмуриву техникии боргоҳи саломатӣ иттилоъ дода, ба қалами пизишкони номии соҳа Раҷабмуҳаммад Ниёзов ва Искандархӯҷа Зикриёев мутааллиқ аст. 
 
Боби аввали китоб, ки аз 450 саҳифа иборат аст, «Фишурдае аз таърихи тибби Мастчоҳ» унвон гирифта, аз таърихи пайдоиши тибби Мастчоҳ нақл мекунад. Дар он аз ҳуҷҷатҳои бойгонии вилояти Суғд истифода шудааст. 
Муаллифон таъкид мекунанд: «Водии Зарафшон то соли 1870 ба Аморати Бухоро тааллуқ дошт. Дар давраи ҳокимияти амирӣ (солҳои баъд аз 1870) мардуми азияткашидаи Мастчоҳ аз хизмати тиббӣ маҳрум буд. Дар деҳот пирамардони соҳибтаҷриба ва занони солхӯрда – табибони халқӣ ҳоҷати мардумро мебароварданд. Мардум дар ҳолатҳои беморӣ, садама, шикастани устухон, зуҳури бемориҳои руҳӣ ва таваллуди кӯдакони навзод маҷбур буд, ки мушкили худро дар маҳалли зист осон гардонад, зеро дар деҳаҳо мутахассисони тиб ва бунгоҳҳои тиббӣ набуданд. Табибони халқӣ, шикастабандҳо ва момодояҳои маҳаллӣ ба ёрии халқ камар баста буданд».
Дар бахши дигари китоб, вазъияти вазнини беморхонаи ноҳиявӣ дар солҳои 70-уми садаи ХХ ва саҳми собиқадори меҳнат, сиёсатмадори варзида Шарифов Саидшариф, ки барои ободонии дашти Дилварзин хизмати шоиста намудааст, ба силки таҳқиқ кашида шудааст. Барои бунёди беморхонаи минтақавии деҳшурои Авзикент хизмати шоистаи ин марди соҳибфазилат бузург аст. Пас аз пош хӯрдани ИҶШС сохтмони беморхонаи минтақаи Оббурдон бо 135 ҷойхоби беморон ва бо қабули 250 бемор дар як рӯз бо мушкилии зиёд пеш мерафт. Барои анҷоми сохтмон ва муҷаҳҳаз гардондани беморхона хизмати Шарифов С., Ниёзов Р. ва Саидов М. хеле назаррас аст.
Бахши «Хотираи собиқадорон» хеле ҷолиб буда, фарогири суҳбати чаҳордаҳ табиби шафқат аст. Пизишкони номӣ аз фаъолияти меҳнатии хеш мисолҳо оварда, рӯзгори ибратбахши духтуронро ба риштаи тасвир кашидаанд. Воқеаву ҳаводиси рӯзгори духтурон на танҳо бозгӯкунандаи фаъолияти кории онҳост, балки ба воситаи суҳбати пизишкон зовияҳои нокушодаи бархе аз масъалаҳои марбут ба соҳаи тиб аён гашта, аз таҷрибаи кории собиқадорон табибони ҷавон ба худ бардоште хоҳанд гирифт. 
Соли 1990 сохтмони беморхонаи нав дар Пастиғави деҳшурои Иван-Тоҷик, соли 1991 беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Роғи деҳшурои Лангар имконият дод, ки мутахассисони соҳаи тиб зиёд шуда, мушкили корафтодагон низ, кам гардад. 
Муаллифони китоби «Таърихи тиб ва табибони Мастчоҳ» бо факту далелҳои муътамад таъкид мекунанд, ки дар муассисаҳои тандурустии ноҳия 497 табиб фаъолият дошта, бештари онҳо соҳиби ихтисосҳои муосир ва малакаҳои касбӣ мебошанд.
Муаллифон Р. Ниёзов ва С. Искандаров ба ҳуҷҷатҳои таърихи тиббии асри Х1Х ва ибтидои садаи ХХ такя карда, вазъи тандурустии мардуми Мастчоҳро дар се давраи таърихӣ: солҳои 20 - 30-юми садаи ХХ, дар замони шуравӣ ва дар 32 соли Истиқлол ба муқоиса гирифтаанд ва бурду бохти ин соҳаро иншо кардаанд. Хидмати онҳо дар иншои китоб сазовори таҳсин буда, барои омӯзиши тибби тоҷик ёрманд хоҳад буд.
 
З. Ҳ. ӮЛМАСОВА,
доктори илмҳои филология, профессор
Санаи нашр: 07.09.2023 №: 180
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив