ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. БАРДОШТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОҲА ДАР ХАТЛОН

МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. БАРДОШТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОҲА ДАР ХАТЛОН

15 феврал 2023, Чоршанбе
45
0
  
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар соли 2022 дар масъалаи бо ҷойи кор таъмин кардани корҷӯён, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷавонон, таъсиси ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод корҳои муайянеро ба сомон расонд.
Қобилҷон Файзализода, сардори раёсати мазкур, таъкид намуд, ки ниҳоди онҳо самти асосии талаботи давлатро дар соҳаи иҷтимоӣ, ташкили системаи босамари мусоидат ба шуғли аҳолӣ, танзими ҷойҳои кории холӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, нигоҳ доштани захираҳои кадрӣ амалӣ мекунад. Дар ин бобат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ дар назди мо чунин вазифа гузоштаанд: “Таъсис додани ҷойҳои корӣ ва фарогирии пурраи аҳолӣ бо шуғл вазифаи аввалиндараҷаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳар як роҳбари сохтору мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон ба шумор меравад”. Мо рӯйхати ҳамаи корҷӯёнро тартиб додем ва баҳри бо шуғл таъмин намудани онҳо чораҷӯӣ дорем. 
Бо мақсади сари вақт таъмин кардани талабот ва дархости соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва кордиҳандагони алоҳида бо мутахассисон дар соли 2022-юм 7809 нафар хоҳишманд (2070 мард, 5739 зан) барои гирифтани ихтисосҳои гуногун дар курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат омӯзонда шуд ва бештари онҳо бо кор таъмин гардиданд, ки ин 121,1 дарсади нақшаи барномавист. 
 
БО КОР ТАЪМИН КАРДАНИ ШАҲРВАНДОН ТАРИҚИ КВОТА 
Масъалаи дигаре, ки дар асоси қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ва бо мусоидати раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳалли худро меёбад, ин бо ҷойи кор таъмин намудани шахсони эҳтиёҷмандест, ки бо дигарон дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд, яъне бо квота таъмин кардани ҷойи кор мебошад. Дар ин росто, дар соли гузашта 2854  нафар бо кор таъмин гардид, ки ин 100,3 дарсади нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Шахсони бо кор таъминшуда, асосан, маъюбон, занони серфарзанд, модарони танҳо, сарбозони аз сафи Артиши миллӣ ҷавобшуда ва шахсони аз маҳбас озодшуда  мебошанд.
 
БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКАҲОИ ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОРӢ ВА ВАЗИФАҲОИ ОЗОД
Бо мақсади боз ҳам бештар ба шуғл фаро гирифтани бекорон раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо аз имкониятҳои мавҷуда самаранок ва васеъ истифода бурда, дар соли рафта 432 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор карданд, ки ин 143 дарсади нақша мебошад. Дар рафти баргузории чунин ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод 3473 корхонаю ташкилотҳо ва муассисаю хоҷагиҳои гуногун иштирок намуда, барои бекорон 2626 ҷойи кор ва вазифа пешниҳод карданд. Тавассути ярмаркаҳо 6787 нафар ба кор роҳхат гирифт, ки аз онҳо 5584 нафар бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардид,  2076 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб шуд, 342 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар гашт. 
Як нукта боиси зикр аст, ки айни ҳол дар НБО “Роғун” зиёда аз 7 ҳазор сокини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаъолият дорад. Баъд аз баргузории ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод рӯзҳои 1 ва 2 декабри соли 2022 дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар 133 нафар сокини вилояти Хатлон, давоми моҳи декабри соли 2022 дар НБО “Роғун” бо ҷойи кор таъмин шуд. 
 
БО КОР ТАЪМИН КАРДАНИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИИ БА ВАТАН БАРГАШТА
Баҳри амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати бо кор таъмин кардани муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохили кишвар ва таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо дар соли 2022 мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои зиёдеро сомон бахшид. Дар соли 2022 ба Агентӣ 2310 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла 192  нафар зан, бо дархости ҷойи кор омад.  
Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 121 нафар бо ҷойи кори доимӣ, 876 нафар бо корҳои мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардид, 92 нафар ба касбомӯзӣ, 75 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гашт, 12 нафар аз ҳисоби маблағҳои мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба соҳибкории хурд машғул аст ва 1134 нафар ба омӯзиши касб фаро гирифта  шуд.     
 
ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, қарори дахлдори раиси вилояти Хатлон аз 9 феврали соли 2021, № 25 «Дар бораи Барномаи рушди ҳунармандии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» ба тасвиб расида, барои иҷро ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ирсол шуд.
Ҳамчунин, бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 майи соли 2022, №150, Низомнома ва ҳайати Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ иборат аз 20 нафар аз ҳисоби мутахассисони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ тасдиқ ва барои иҷрою корбарӣ ба шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти дахлдор пешниҳод гардид. 
Дар соли 2022 аз рӯйи 18 намуди ихтисоси ҳунармандӣ 5216 нафар ба касбомӯзӣ тавассути барномаҳо ва тариқи худмаблағгузор  ҷалб шуд.                  
Бо мақсади дастгирӣ ва руҳбаланд намудани занону духтарони хонашин, шахсони бекор, эҳё намудани ҳунарҳои миллии мардумӣ  марҳилаи якуми озмуни «Ҳунарманди сол” аз рӯйи 6 номинатсия: кандакорӣ, дуредгарӣ, дӯзандагӣ (ҷомадӯзӣ, тоқидӯзӣ, камарбанду рӯймолдӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, чакандӯзӣ, шероздӯзӣ, куртадӯзӣ), наққошӣ, рассомӣ (миниатюранигорӣ, кундалнигорӣ, хаттотӣ), кулолӣ, аҷубасозӣ ва гаҷкорӣ, чармгарӣ (пойафзолдӯзӣ), бофандагӣ (атласбофӣ, адрасбофӣ, читгарӣ), коркарди металл (заргарӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, оҳангарӣ), аз нимаи моҳи июни соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят оғоз шуда, дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот муайян гашта, барои иштирок ба марҳилаи дуюм - озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд. 
Даври дуюми озмун бо иштироки беҳтарин ҳунармандон 25 августи соли 2022 дар саҳни Қасри фарҳанги ба номи Рустам Абдураҳими шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Дар ҷамъбасти озмуни даври дуюми “Ҳунарманди сол” шаҳри Кӯлоб дар самти чакандӯзӣ ҷойи якум, ноҳияҳои Ёвону Восеъ дар самти кандакорӣ ва гулдӯзӣ ҷойи дуюм ва ду ҷойи сеюм аз рӯйи номинатсияҳои адрасбофию бофандагӣ ба ҳунармандони мардумии ноҳияҳои Вахшу Темурмалик лоиқ дониста шуда, ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд.
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол -2022” бахшида ба 28-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 4 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе, дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” доир гашт, ки дар он намояндагони 22 шаҳру ноҳияҳои чумҳурӣ, аз ҷумла 5 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуда, маҳсули дастони худро, аз қабили кандакорӣ ва дуредгарӣ дӯзандагӣ, бофандагӣ, коркарди металл ва кундалнигорӣ ба  тамошо гузоштанд.   
Ҳайати комиссияи Озмун бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба маҳсули пешниҳодгардида, тибқи талаботи Низомномаи Озмун баҳо гузоштанд.
Басбигул Валиева, чевари шаҳри Кӯлоб, аз рӯи номинатсияи “Дӯзандагӣ” (чакандӯзӣ) сазовори дипломи дараҷаи якум, Ашурой Аллаёрова, аз ноҳияи Темурмалик, аз рӯи номинатсияи “Бофандагӣ” (адрасбофӣ) сазовори дипломи дараҷаи дуюм гардиданд.  
Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шумораи ҳунармандон 1818 нафарро аз рӯи 32 намуди касбҳои ҳунармандӣ ташкил медиҳад. 
- Раёсати Агентӣ дар вилоят баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд, ки онҳо ба беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолии вилоят мусоидат менамоянд”, - тазаккур дод дар хотимаи суҳбат Қобилҷон Файзализода.  
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.02.2023 №: 36
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив