ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “СЕМЕНТИ ТОҶИК”. МАКТАБИ ТАРБИЯИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН

“СЕМЕНТИ ТОҶИК”. МАКТАБИ ТАРБИЯИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН

07 сентябр 2023, Панҷшанбе
28
0
 
ҶСК “Сементи тоҷик” ягона корхонаи саноатие мебошад, ки портландсементи ба сулфат тобовари  М 400  истеҳсол мекунад.
Гарчанде ҶСК “Сементи тоҷик” дар даврони шуравӣ сохта, ба истифода дода шуда бошад ҳам, бо як иқтидорӣ қаноатбахш кор карда истодааст.
Бояд зикр намуд, ки ҶСК “Сементи тоҷик”  барои дастгирӣ ва тайёр кардани мутахассисони ҷавони болаёқат пайваста  кӯшиш менамояд.  Алалхусус, дар самти энергетикӣ, механикӣ, таҳлилӣ, челонгарӣ, кафшергарӣ барқию газӣ ва дигар касбҳо, мутахассисони  ҷавонро  тарбия ва роҳнамоӣ мекунад.
Ин аст, ки энергетикҳои ҶСК “ Сементи тоҷик” дар хориҷ низ маҳорату таҷрибаи худро нишон дода, Ватани азизамонро муаррифӣ намуданд. 
Мо ифтихор аз он мекунем, ки   маҳсулоти асосии сохтмонии НБО “Роғун”-ро, ки  семент аст, ҶСК “Сементи тоҷик” таъмин менамояд.
Мо, ҷавонони даврони истиқлолият, шукрона аз сулҳу ваҳдат, оромию осудаҳолӣ, дастархони пур аз нозу неъмат карда,  кӯшиш менамоем, ки тамоми неруву ғайрати худро барои боз ҳам баланд бардоштани  нишондодҳои истеҳсолӣ  равона созем. 
 
Шавқатҷон ЛОИҚОВ, 
муовини сарэнергетики ҶСК “Сементи тоҷик”
Санаи нашр: 07.09.2023 №: 180
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив