ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ. ИНТИХОБИ ТАЪРИХИЕ, КИ МИЛЛАТИ ТОҶИКРО БА ҚУЛЛАИ МУРОД РАСОНД

ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ. ИНТИХОБИ ТАЪРИХИЕ, КИ МИЛЛАТИ ТОҶИКРО БА ҚУЛЛАИ МУРОД РАСОНД

08 сентябр 2023, Ҷумъа
26
0
 
Даврони соҳибистиқлолӣ барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.  Соҳибистиқлолӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем.
Душвортарин муаммои мо дар замони соҳибистиқлолӣ масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият Роҳбари давлат пайваста ба он машғул мешуданд. Албатта, раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрӯза, асосан, аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад.
Яке аз ҳадафҳои муҳими соҳибистиқлолӣ  ин таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба анҷом расонд, ки таъсиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин радиф аст. 
Агарчи, аз таъсиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 сол сипарӣ гашта бошад ҳам, лекин дар ин давом корҳои зиёде ба самар расидаанд. Дар як муддати кӯтоҳ 10 бинои марказҳои таъминоти бехатарӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ навсозӣ шуда, дар 7 бинои дигар сохтмон идома дорад, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра анҷом меёбад. Ғайр аз ин, озмоишгоҳҳои Кумита бо таҷҳизоти муосири замонавӣ муҷаҳҳаз шудааст, ки ин ҳама дастовардҳои соҳа аз файзу самараи истиқлол аст. Дар тули беш аз сӣ соли охир 50 маротиба зиёд гардидани маҷмуи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нисбат ба соли 1991, тақрибан 35 маротиба афзудани гардиши савдои хориҷӣ, аз 358 корхонаи саноатӣ дар соли 1991  ба беш аз 2500 адад расидани корхонаҳои истеҳсолӣ яке аз дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ  мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табиист, ки аз равандҳои ҷаҳонишавӣ берун буда наметавонад. Муносибатҳои мо ба кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни олам торафт вусъат меёбанд ва ҳарчи бештар вориди муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии байналмилалӣ мегардем. Дар чунин шароит дарки мақсад ва ҳадафҳои худ, таҳкими дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ амри зарурист. Барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо муносибатҳои баробарҳуқуқ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақа ва мамолики пешрафтаи олам аҳамияти махсус доранд. 
Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати «дарҳои кушода» ҳамкориҳо рӯз ба рӯз таҳкиму густариш меёбанд.  Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.
Дар раванди таҳкими сулҳу субот ва давлатсозиву давлатдории навини худ баҳрабардорӣ аз арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ, таблиғи ҳувияти милливу ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ба шоҳроҳи созандагиву ободонии сарзамини аҷдодӣ раҳнамоӣ кардан, воқеан ҳам, дар маркази сиёсати давлату Ҳукумат қарор дорад. Бо орзую умедҳои нек гуфтаниям, ки дар остонаи 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллати мо рисолату асолати давлатдории миллӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандиашонро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азиз нерую дониши худро дареғ намедоранд.
Бигзор, ҷашни муқаддаси истиқлол барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию пешрафтҳои нав ба нав оварад! 
 
Муҳаммадсаид ФАЙЗУЛЛОЗОДА, 
раиси Кумитаи 
бехатарии озуқаворӣ
 
Санаи нашр: 08.09.2023 №: 181
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив