ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

08 сентябр 2023, Ҷумъа
17
0
Истиқлол рамзи бахту саодат ва нишонаи пойдории давлат аст. Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ мо соҳиби рамзҳои давлатии худ – Парчаму Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Конститутсия шудем ва Тоҷикистони азизамон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу мутамаддин  эътироф гардид. Ин неъмати бебаҳо барои ба сатҳи комилан нав боло бурдани тафаккури миллии мардуми мо мусоидат намуда, ҷиҳати таҳкими иттиҳоди тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.
Аз 9-уми сентябри соли 1991 таърихи навини давлатдории мо оғоз ёфт. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари азизамон мушкилиҳои зиёдеро аз cap гузаронд: ҷанги таҳмилии  шаҳрвандӣ, гуруснагӣ, якчанд буҳронҳои иқтисодӣ. Сарфи назар аз оғози душвори давлатдорӣ, ба  Тоҷикистон  муяссар шуд, ки аз нав барқарор  ва дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ба натиҷаҳои назаррас ноил шавад. Дар тули ин солҳо сохти нави ҷамъиятие ташаккул ёфт, ки ба руҳияи демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мувофиқ аст. 
Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ ба як субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва узви эътирофшудаи бисёр созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табдил ёбад, ки айни замон дар доираи онҳо дар ҳалли мушкилоти ҳаётан муҳими ҷаҳонӣ фаъолона иштирок мекунад.
Миллати тоҷик бо бадастовардани истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар тули  32 сол ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назир надорад. Тоҷикистони замоне ҷангзада дар ин давра ба чунин комёбиҳо муваффақ шуд: 
 – Аз кишвари ҷангзада ба мамлакати ободу зебо табдил ёфта, ба сегонаи амнтарин кишварҳои ҷаҳон шомил шуд.
 – Ғояи давлати демократӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфт ва давлати мо роҳи татбиқи арзишҳои демократиро интихоб намуд. 
 – Мақоми занону ҷавонон дар ҷомеа баланд бардошта шуд ва  онҳо   дар тамоми шохаҳои ҳокимият, идоракунии давлатӣ,  соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, дар корхонаҳои давлатӣ ва соҳибкории хусусӣ ҷалб гардиданд.
 – Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амният, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун унсури нодири сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дасгирӣ ёфтанд.
 – Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла НБО  “Роғун”, ки дар Осиёи Миёна ҳамто надорад. 
Албатта, Тоҷикистон дар тули 32 соли истиқлоли давлатӣ дастовардҳои зиёде дорад, ки онҳо ба тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа, дахл доранд. Аммо номбар намудани шумораи маҳдуди ин дастовардҳо гувоҳи он аст, ки кишвари мо дар як муддати кӯтоҳ ба чунин муваффақиятҳои  бузурги таърихӣ ноил гаштааст. 
Ҳамин тавр, истиқлол барои мо шароит фароҳам овард, ки дар роҳи пешрафти имрӯзу фардои миллату кишвар талош варзем ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем. Поянда бод, ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!
 
Руҳафзо МУРОДОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 08.09.2023 №: 181
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив