ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТУҲФАИ МУНОСИБИ ВАРЗИШГАРОН БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

ТУҲФАИ МУНОСИБИ ВАРЗИШГАРОН БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

08 сентябр 2023, Ҷумъа
23
0
Аз 19 то 31-уми августи соли равон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия Фестивали байналмилалии варзишҳои донишгоҳӣ баргузор шуд. Дар он ҳайати 52-нафараи Тоҷикистон, иборат аз донишҷӯён, мураббиён ва масъулони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов кишварамонро ба таври шоиста муаррифӣ намуда, бо натиҷаҳои назаррас ба Ватан баргаштанд. 
 
Дар Фестивал зиёда аз 4000 варзишгар-донишҷӯ аз 36 кишвари узви ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай ва БРИКС ширкат варзиданд. Маросими ифтитоҳи чорабинӣ дар “Конгресс Ҳолл”-и шаҳри Екатеринбург баргузор шуда, паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия ба иштирокчиён расонда шуд. 
Фестивал ҳамчун чорабинии муҳими варзишию фарҳангӣ ҷараён гирифта, мусобиқаҳо бо ширкати мухлисони сершумор ва бо шӯру шавқ доир гаштанд. Варзишгарони мо барои нигоҳ доштани мавқеи пешсафӣ тамоми неруи худро сафарбар намуданд. Дастаи мунтахаби бокси Донишкада, ки аз 17 нафар, аз ҷумла 4 духтар иборат буд, дар 12 вазн муҳориба карда, маҳорати баланд нишон дода 3 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ ба даст овард. Аз ҷумла, дар вазни 60 килограмм Абубакр Муродзода, дар вазни 80 кило Абдумалик Болтаев, дар вазни 57 кг миёни бонувон Миҷгона Самадова ҷои аввалро сазовор шуданд. Маҳорати Абубакр Шеровро дар намуди ҷудо махсус бояд қайд кард. Ӯ дар вазни 73 кило пайиҳам бар чор ҳарифи пурқувваташ ғолиб омада, медали тилло гирифт. Дар сабқати дастаӣ тими ҷудои мо бар дастаи Ҷумҳурии Куба дастболо шуда, ҷои сеюмро ишғол намуд. Умуман, варзишгарони мо 11 медал (4 тилло, 1 нуқра, 6 биринҷӣ) ба даст оварда, дар ҳайати даставӣ ҷои ҳаштумро гирифтанд.
Дар доираи ин тадбири муҳими варзишӣ мулоқоту вохӯриҳои ҳайати варзишии кишварамон, бобати густариш додани ҳамкориҳо миёни  муассисаҳои олии варзишии кишварҳои дӯст ва, дар ин замина, мунтазам доир намудани Фестивали байналмилалии варзишҳои донишгоҳӣ, инчунин, дигар чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ миёни донишҷӯён сурат гирифт. 
Басо рамзист, ки ин тадбири муҳими варзишии сатҳи баланд дар арафаи 32-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон рост омада, натиҷаҳои варзишгаронамонро дар ин чорабинӣ метавон туҳфаи муносиб ба Ҷашни  Истиқлоли давлатӣ маънидод намуд.  
 
Шодӣ САФАРОВ, ректори ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, профессор
Санаи нашр: 08.09.2023 №: 181
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив