ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХУШБАХТИИ КӮДАКОН ХУШБАХТИИ МОСТ

ХУШБАХТИИ КӮДАКОН ХУШБАХТИИ МОСТ

08 сентябр 2023, Ҷумъа
62
0
Кӯдакон сарчашмаи хушбахтии ҳар оилаву ояндаи миллатанд. Маҳз ба ҳамин хотир, кӯдакони Ватани маҳбубу соҳибистиқлоламон таҳти дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  мулоқоту вохӯриҳои хеш бо намояндагони аҳли ҷомеа пайваста таъкид менамоянд, ки дар тарбияи кӯдакон, махсусан бачагони синни томактабӣ, бетафовут набошем ва онҳоро дар руҳияи донишандӯзӣ ва ватанпарастӣ ба камол расонем, то онҳо дар оянда барои гулгулшукуфии Меҳани худ содиқона хизмат намоянд. 
Бо назардошти ин, Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Сарвари давлат лоиҳаҳои азимеро таҳия ва амалӣ менамояд, ки маҳз ба рушди кӯдакон, яъне ташаккули сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон нигаронда шудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади васеъ намудани дастрасӣ ба истифодаи маҷмуи асосии хизматрасониҳои тиббӣ барои кӯдакони то 6-сола дар кишвар,  25-уми июни соли 2020 Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Ассотсиатсияи рушди байналмилалӣ ва Хазинаи глобалии маблағгузорӣ оид ба татбиқи Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон», ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2020, № 165, тасдиқ шудааст, ба имзо расид.
Дар ин раванд, Вазорати молия ҳамчун Агентии иҷрокунанда барои татбиқи Лоиҳа масъул аст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илм  бошанд, дар сатҳи миллӣ ва зермиллӣ ҳамоҳангсози  Лоиҳа ба ҳисоб мераванд.
Лоиҳаи мазкур дар 1 шаҳру 13 ноҳия – ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, ноҳияҳои Қубодиён, Кӯшониён, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Дӯстӣ, Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Файзобод ва Тоҷикободи амалӣ мегардад. 
Он аз чор қисмат иборат буда, ба таҳкими иқтидори пешниҳоди Бастаи асосии хизматрасониҳо барои рушди барвақти кӯдак, ҷорӣ намудани Маҷмуи асосии хизматрасониҳои ИБК дар сатҳи миллӣ, беҳтар кардани дастрасӣ ба Маҷмуи асосии хизматрасониҳои ИБК дар ноҳияҳои озмоишӣ, идоракунии Лоиҳа ва ҳамоҳангсозии он мусоидат менамояд.
Чорабиниҳои банақшагирифташудаи Лоиҳа дар соҳаи тандурустӣ дар 14 ноҳия аз инҳо иборатанд: сохтмони марказҳои ёрии аввалияи тиббию санитарӣ (МСД); таъмиру нав кардани мавод, таҷҳизот ва лавозимоти марбута; гузарондани омӯзишҳо (тренингҳо) барои кормандони тиббии КАТС; бо таҷҳизоти асосӣ таъмин намудани МСД барои татбиқи Барномаи мониторинги инкишофи кӯдакон (МРИК); барқарорсозии марказҳои МРИК; бо таҷҳизоти мувофиқ таъмин кардани марказҳои МРИК, омӯзиши кормандон барои МРИК.
Тибқи чорабиниҳои банақшагирифташуда, 14 ноҳия дар доираи Лоиҳа дар соҳаи маориф бунёди кӯдакистонҳои намунавӣ ё таъмири кӯдакистонҳои мавҷуда, хариду тақсими мебелу таҷҳизот барои кӯдакистонҳо, бунёду таъмири  марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон ва дар баробари ин, ташкили модулҳои алтернативии таълими томактабӣ ва таъмини фаъолияти онҳо, таълими омӯзгорон, 340 нафар мураббиёну кормандон, чопу тақсими маводи таълимию методӣ, нашру паҳн кардани маводи таълимӣ ва методӣ барои модулҳои алтернативии таълими томактабии кӯдакистонҳо дар назар аст.
Дар руҳияи меҳанпарастиву миллатдӯстӣ, донишомӯзӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихори хеш тарбияву ба камол расондани кӯдакон аз муҳимтарин вазифаҳои аҳли ҷомеа ба шумор меравад,  зеро танҳо чунин насл қодир аст, ки корҳои пуршарафи падарону бобоёни худро идома дода, анъанаҳои ниёгонро инкишоф диҳад, миллати худ, Ватани маҳбубашро дар ҷаҳон шуҳратманд гардонад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ғамхориҳои беназирашон нисбат ба кӯдакон барои ҳамагон намунаи олии ибратанд. Ва дар ин ҷода мо бовар дорем, ки татбиқи Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” ҳаёти кӯдаконро ба куллӣ тағйир медиҳад.
 
Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон”
Санаи нашр: 08.09.2023 №: 181
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив