ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САЙЁҲӢ. МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ СОҲА ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

САЙЁҲӢ. МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ СОҲА ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

08 сентябр 2023, Ҷумъа
99
0
Ба шарофати соҳибистиқлоливу сулҳу субот дар кишвар ва дар заминаи сиёсати хоссаи созандаву бунёдкорона ва, ҳамзамон, ҷаҳду талошҳои пайваставу собитқадамонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ муайян шуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир аз ҷониби давлату Ҳукумат дар ин самт, сайёҳӣ ба даврони рушди бесобиқа расида, зарфиятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ гардиданд ва ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун ҷавҳари кашфнашуда шинохтанд ва эътироф намуданд. 
 
БЕШ АЗ 1 МИЛЛИОН САЙЁҲ ДАР ЯК СОЛ  
Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҳамзамон, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Пешвои миллат соли 2018-ро – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд. Дар пайи ин ташаббус, бо дарки мавқеи ин соҳа дар иқтисоди миллӣ ва ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон Президенти мамлакат солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2018 бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳон қариб ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2017-ум 2,6 маротиба зиёд аст.  
 
ҚАБУЛИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ САЙЁҲӢ
Дар баробари ҳамаи дастовардҳои болозикр, соли 2018 яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим– Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Стратегияи вазъи кунунии соҳа, ҳадафҳои рушд, самтҳои стратегӣ ба монанди маркетинг ва тарғибот, ба роҳ мондани фурӯш, роҳандозии тамос бо муштариён, ниқлиёту сарҳадоту раводид, иҷозатномадиҳӣ ва имкониятҳои рушд дар минтақаҳои ҷумҳуриро дар бар мегирад. Дар асоси Стратегия бори нахуст шумораи сайёҳони ба ҷумҳурӣ ташрифоварда, саҳми сайёҳӣ дар ММД, содирот, қисми даромади буҷети давлатӣ, миқёси хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ, шуғли аҳолӣ дар соҳаи сайёҳӣ, сармоя ба соҳаи сайёҳӣ дар маҷмуи сармоягузориҳо ва дигар нишондиҳандаҳо ё индикаторҳои рушди соҳа муқаррар шуданд. 
 
ТАЪСИСИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН 
Бо мақсади муҳайё кардани шароити муосири таълим барои тарбияи кадрҳои баландихтисос дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шуд. Баъдан, баҳри рақобатпазир гардидани соҳа дар бозори ҷаҳонӣ, омодасозии мутахассисони забондони донандаи таъриху фарҳанг ва технологияҳои муосир, роҳбаладону тарҷумонҳои мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳии замони муосир бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 27 январи соли 2022 ба Донишкада мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ дода шуда, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон номгузорӣ шуд.  Айни ҳол Донишгоҳи мазкур узви Созмони ҷаҳонии сайёҳии Академияи байналмилалии илмҳои муассисаҳои таҳсилотӣ олӣ, Маркази шабакаи иттилоотии Осиёи Марказӣ “EDNET” ва Донишгоҳи СҲШ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мебошад.   Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ яке аз падидаҳои замони истиқлоли давлатӣ ба шумор меравад.  
 
ИСЛОҲОТИ КАМНАЗИР ВА СИМОИ НАВИ ТОҶИКИСТОН
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Пешвои миллат дар қатори дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ, ислоҳоти муҳим амалӣ гардиданд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин ва камназир мебошад. Дар ин робита, пеш аз ҳама, ҷорӣ шудани низоми раводиди электронӣ ва низоми содакардашудаи дастрас намудани раводид, инчунин, аз байн бурдани бақайдгирии дохилии сайёҳонро метавон ном бурд. Механизми дастрас намудани раводиди электронӣ имконият медиҳад, ки сайёҳон ва шаҳрвандони дигари хориҷӣ бе муроҷиат ба ниҳодҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, тариқи онлайн (www.evisa.tl) раводиди электрониро дастрас карда, ба ҷумҳурии мо сафар намоянд. Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ ба кор андохта шуд. Тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар рӯйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол менамояд.   Инчунин, хотирнишон бояд намуд, ки аз 1 январи соли 2022 барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ низоми яктарафаи раводид ҷорӣ шуд. Тибқи он, шаҳрвандони як қатор кишварҳои ҷаҳон метавонанд бо ҳама намуди шиносномаҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бе раводид ворид шаванд ва дар ҳудуди он ба муддати 30 рӯз бимонанд. 
Дар даврони истиқлоли давлатӣ робитаҳои дӯстӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷии дуру наздик мазмуну муҳтавои нав пайдо кард ва имрӯз назари хориҷиён ба Тоҷикистон, захираҳои моддиву табиии кишвар, расму оин, таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик куллан тағйир ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои тозаи мусбат пайдо намуд. Натиҷаи ҳамин дастовардҳо буд, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба 487,4 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 124, 3 ҳазор нафар  ё 34 дарсад зиёд мебошад. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 08.09.2023 №: 181
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив