ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАТАНДОРӢ

ВАТАНДОРӢ

12 сентябр 2023, Сешанбе
6
0
Илҳом аз таъкиди Эмомалӣ Раҳмон:“Тоҷикистон, ба пеш!”
То дар ин хоки муқаддас зиндагонӣ мекунем,
Пой то сар, сар ба гардун, шодмонӣ мекунем. 
Хуни мо одат ба нону оби покаш кардааст, 
Бар Ватан хидмат забонӣ чист? Ҷонӣ мекунем.
Нотавонӣ айб бошад, чун равад ҳарф аз Ватан, 
Мо тавонро сарбасар бо нотавонӣ мекунем.
Гар сафе некӯҳадаф ояд, ба роҳаш каф занем,  
Фавҷи бадхоҳони худро сафдаронӣ мекунем.  
Дар ҳама амри Ватан ҳарфи «Итоат!» бар забон, 
Пайравӣ аз гурдҳои ориёнӣ мекунем. 
Бо матонат, бо шуҷоат, бо далериҳои хеш
Рустамиҳоро дубора достонӣ мекунем. 
Селро оби равону гирдбодонро насим,
Душман оташ гар шавад, оташнишонӣ мекунем.
Водии фарҳанги мо таълимгоҳи шафқат аст, 
Посбонӣ боғу роғи меҳрубонӣ мекунем.   
Дар масоҳат кӯчаку дар сатҳи таърихаш бузург,
Бо дифои ин Ватан таърихбонӣ мекунем. 
Одати тирутуфангӣ нест моро аз азал,  
То қиёмат ҷилваи тирукамонӣ мекунем.
Заъфаронӣ нест то рӯйи талоши хайри мо,   
Чеҳраи иқболи худро арғувонӣ мекунем.
Меваҳои ишқро парварда дар боғи вуҷуд,
Ташнагони ишқро шарбатчашонӣ мекунем. 
Остонӣ то нагардад қадри Меҳан дар ҷаҳон, 
Остониҳои ӯро осмонӣ мекунем.
 
Файзи АШӮР
Санаи нашр: 09.09.2023 №: 182-183
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив