ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧАРОҒИ ИҚБОЛИ МИЛЛАТ ФУРӮЗОН ВА ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТ ДУРАХШОН БОД!

ЧАРОҒИ ИҚБОЛИ МИЛЛАТ ФУРӮЗОН ВА ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТ ДУРАХШОН БОД!

12 сентябр 2023, Сешанбе
10
0
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҷамъомади бошукӯҳи идона доир гардид. 
Ҳоким Холиқзода аҳли нишастро бо Ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта зикр кард, ки маҳз дар даврони истиқлоли давлатӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони мусоид фароҳам омад, ки асосҳои қонунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пойдору устувор шуда, самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоии кишвар муайян гарданд. Муҳимтар аз ҳама, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат муяссар гардид, ки эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори миллию ватандорӣ байни сокинони кишвар боло рафта, Тоҷикистон тадриҷан ба давлати ягонаи ободу шукуфон табдил ёбад.
Ҳоким Холиқзода таъкид намуд, ки тавсияву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар рушду таҳкими низоми бонкии мамлакат дар замони истиқлол нақши калидӣ доранд ва дастовардҳои назаррас дар соҳаи бонкдорӣ ба ин тавсияву ҳидоятҳо алоқаманд мебошад. 
Бо ташаббусу дастгирии Пешвои муаззами миллат дар Тоҷикистон ду маротиба, яъне солҳои 1995 ва 2000-ум, ислоҳоти пулӣ гузаронда шуд ва кишвари мо соҳиби пули миллии худ гашт. Махсусан, ба муомилот ворид шудани пули миллии сомонӣ на танҳо падидаи муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, балки оғози рушду нумӯи иқтисодиёт ва дигаргуниҳои мусбати ҳаёти ҷомеаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. 
Таъкид гардид, бо саъю кӯшиши Бонки миллии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат зина ба зина заминаи боэътимоди қонунгузории соҳаи бонкдорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ин соҳа ба вуҷуд оварда шуданд. 
Бо фароҳам омадани заминаи ҳуқуқӣ ва ноил шудан ба дастовардҳои назаррас дар низоми муомилоти пулӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ба ҷорӣ намудани усулҳои муосири бонкдорӣ оғоз намуд.
Бо мақсади ҷорӣ намудани маҳсулоти наву муосири бонкӣ ва беҳтар кардани хизматрасонии бонкӣ, айни замон дар мамлакат низоми интернет-банкинг ва мобайл-банкинг татбиқ мегардад, ки бо истифода аз онҳо муштариён метавонанд бемамоният амалиёти пардохтии дохилӣ ва фаромарзиро анҷом диҳанд.
Бахусус, ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ташкили инфрасохтори муосири низоми пардохт ба пешрафти низоми бонкии мамлакат ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
– Бонки миллии Тоҷикистон, – гуфт Ҳоким Холиқзода, – тайи солҳои охир ба рушди низоми пардохт ва афзоиши ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар доираи ислоҳоти институтсионалӣ сол ба сол ба сӯи рақамикунонии бахши молиявӣ ҳаракат менамояд. Барои мисол, бо мақсади таъмини рушди устувори бозори кортҳои пардохтӣ ҳамчун муҳаррики рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори пардохтӣ, соли 2012 дар назди Бонки миллӣ Маркази миллии протсессингӣ ба фаъолият оғоз кард ва дар заминаи он Низоми миллии пардохтии «Корти миллӣ» таъсис дода шуд. 
Зикр бояд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон давоми солҳои 2022 - 2023 барои рушди инфрасохтори пардохтии кишвар лоиҳаҳои «QR-рамзи ягона» ва низоми миллии пардохтии “Ватан”-ро таҳия ва амалӣ намуд. 
Агар ба нишондиҳандаҳои асосии низоми пардохтӣ назар афканем, то 31 июли соли 2023 дар мамлакат зиёда аз 6 миллион кортҳои пардохтии бонкӣ, беш аз 7,7 миллион ҳамёнҳои электронӣ, тақрибан 2 000 банкомат, 4 500 POS- терминал ва зиёда аз 20 ҳазор QR-рамз мавриди истифода қарор дода шудаанд. Нишондиҳандаҳои мазкур тамоюли зиёдшавӣ дошта, нисбат ба солҳои гузашта бамаротиб афзудаанд.
Таъкид шуд, ки 22 июни соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба тасвиб расид, ки тибқи он, аз 1-уми августи соли 2023 қабули пардохтҳои хизматрасонии муздноки давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шуд. Ба имзо расидани Фармони мазкур барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.
Агар ба таври мушаххас нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкии мамлакат, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистонро дар соли 2000 ва соли 2023 муқоиса намоем, мебинем, ки ҳам дар низоми бонкии мамлакат ва ҳам дар Бонки миллии Тоҷикистон дар ин муддати 23 сол тағйироти назарраси миқдорӣ ва сифатӣ ба миён омадаанд.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат бо меҳнати бунёдкорона, садоқатмандӣ ва фарҳанги баланди худ дар таҳкими дастовардҳои истиқлоли Тоҷикистон саҳм мегузоранд ва нақши онҳо дар пешрафти ин соҳаи муҳими ҳаёти мамлакат мусбат арзёбӣ мешавад. Ҳамин аст, ки имсол чор корманди Бонки миллии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳнати садоқатмандона бо мукофотҳои давлатӣ қадр гардид.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 09.09.2023 №: 182-183
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив