ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САДОИ САБЗИ ИМОН

САДОИ САБЗИ ИМОН

12 сентябр 2023, Сешанбе
26
0
Бимон, модар,
Бимон, эй дар сиришти дастҳоят субҳи милоди 
навозишҳо,
Бимон, эй ҳарфҳои нармат эҷоди навозишҳо.
Макун оҳанги рафтан, офтоби бомдодиям.
Бимон бо ман, 
Бимон, эй будани субҳофаринат номаи тамдиди шодиям,
Саодат чист? –
Чун бар хона меоӣ, даратро дасти модар боз хоҳад кард.
Ҳамин дар боз кардан,
зиндагии рафтаро оғоз хоҳад кард.
Ҳамин дар боз кардан бозгашти пуртаҷаллои баҳорон аст,
Садои ӯ 
             садои сабзи имон аст.
Зи мусиқии ҷонбахши қадамҳоят дилам мерезад, 
эй модар.
Чӣ мусиқӣ, ки қалби осмонро 
            бо нишоти субҳ меомезад, эй модар.
Ту ҳастӣ, ишқ, яъне ҳаст,
Яъне, будани офоқ холӣ нест,
Яъне, боз ҳам дар гӯшаи айвони мо
ҷуфти парасту лона хоҳад монд,
Яъне, настаранҳо бо шамими атр полоянд
боғи хуррами моро.
Яъне, рӯшноӣ метаровад аз дару девор.
Яъне, боз аз хоби зимистон
орзуе мешавад бедор.
Яъне, нағма дар лабҳои ҷӯ ҷорист.
Ту ҳастӣ, зиндагиям табли бедорист.
Бимон, модар,
Бимон ин сурати матбуи худро дар нигоҳи ман.
Ҳазорон бор роҳам охир омад, боз ҳам сар шуд,
Бимон, эй буданат фатвои неки ифтитоҳи ман!
 
СИПАР ДОРАМ
Аз ғайб сипар дорам, зеро ки туро дорам,
Тӯмори қамар дорам, зеро ки туро дорам.
Аз шамс ба қадр афзун, аз бадраи бадр афзун,
Ман чизи дигар дорам, зеро ки туро дорам.
Шодии дилам - модар, ҳодии дилам - модар,
Дар ишқ сафар дорам, зеро ки туро дорам.
Пайванди чунин зебо, паймони чунин барҷо
Бо кулли башар дорам, зеро ки туро дорам.
Дар панҷараи бозам, дар пардаи овозам
Наҷвои саҳар дорам, зеро ки туро дорам.
Дар маҷмари чашмонам, дар дайкадаи ҷонам
Як даста шарар дорам, зеро ки туро дорам.
Аз ҷузъ равам то кул, аз зарби дили ҳар гул
Ман нағз хабар дорам, зеро ки туро дорам.
Меҳмониву меҳмонам, мемониву мемонам,
Бо он ки гузар дорам, зеро ки туро дорам.
 
ДАРИ МОДАР БОЗ АСТ
Дари кошонаи модар боз аст,
Боғи ӯ мазрааи эъҷоз аст.
Рафтани ӯ чӣ қадар ҷонсӯз аст,
Мондани ӯ чӣ қадар ҷонсоз аст.
Қосиди ӯст баҳори навпайк,
Ки чун ӯ содаву бепардоз аст.
Осмон туршруху бастадимоғ
Пур-пур аз гиряи беовоз аст.
Шамъи сурхе, ки зи меҳроби кабуд
Чаппа шуд, як дили хокандоз аст.
Нуктае  дархури аҳли рӯз аст,
Нуктае дархури аҳли роз аст.
Баҳри мо рафтани ӯ мавсими хатм,
Баҳри ӯ фасли нави оғоз аст.
 
ИЛТИҶО
Фариштаи ҳаёти ман, марав, марав,
Башорати наҷоти ман, марав, марав.
Муҳаббати заминию бариниям,
Саодату суботи ман, марав, марав.
Дилам паровар аст бо дуъои ту,
Пари ману қаноти ман, марав, марав.
Ба мӯри раҳ ҳам илтифот мекунӣ,
Муборакилтифоти ман, марав, марав.
Ҳумои раҳматам, сафири давлатам,
Бароату бароти ман, марав, марав.
Ҷаҳон хуш аст бо ҳузури фаррухат
Ба чашми маҳву моти ман, марав, марав.
Туро ҳаёти баъди марг медиҳад 
Фариди коиноти ман, марав, марав.
 
АСОСГУЗОРИ МУҲАББАТ
Эй модар, эй асосгузори муҳаббатам,
Эй офтоби лутфаму дарёи раҳматам.
Олуда чун Заминаму полуда чун Само,
Дурӣ дигар, хуҷастасафири бароатам.
Ғоиб зи дидаи ману ҳозир даруни дил,
Ёди азизро бифиристӣ ба суҳбатам.
Оинаи худойнамоям рухи ту буд,
Эй ишқи ростинаму асли ҳақиқатам.
Дар ҳоли назъ будиву гуфтам: Чӣ гунаӣ,
Гуфтӣ, ки “нағз”, дардкаши бешикоятам.
Ҷуз дӯст доштан ба ту коре накардаам,
Розӣ бишав, ки пеши ту нокардахидматам.
Аз кори модарӣ нашавӣ ҳеҷ барканор
Он сӯ ҳам, эй паёмрасони саодатам.
Инак, ҳамин се гул, ки нишондӣ, нишони туст,
Ҳаргиз магӯ, ки гумшудаи беидоматам.
На, на , на модари се нафар, модари башар
Хонам туро, фариштаи фаррухрисолатам.
Ҳам ховарифарангиӣ, ҳам тоҷики асил,
Хуршедмазҳаби ману дарётариқатам.
Ишқ омаду ба ҳадя биёвард номи нав,
Эй ном дода, номи накӯи Иноятам.
Хуш бош дар ҳарими Худо, дар 
биҳишти унс,
Ҳурии паркашида ба гулгашти ҷаннатам.
 
 
ФАРЗОНА, Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 09.09.2023 №: 182-183
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив