ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУБОРАК ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

МУБОРАК ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

12 сентябр 2023, Сешанбе
26
0
Зи нав омад фаро даврони Сомонӣ,
Ба бахти халқ дар даврони Раҳмонӣ.
Муборак Ҷашни Истиқлол!
 
Шукӯҳи давлате шуд зинда аз дигар,
Фари хуршедиаш дар ханда аз дигар.
Муборак Ҷашни Истиқлол!
 
Амонӣ омаду бо омадаш шодӣ!
Паёме аз бақои умри авлодӣ.
Муборак Ҷашни Истиқлол!
 
Биёмад Рустаму Исфандиёри мо,
Пайи хизмат ба мулки зарнисори мо.
Муборак Ҷашни Истиқлол!
 
Зи нав шуд зинда аҷдодони номимон,
Тулуъ кард Офтоби бардавомимон.
Муборак Ҷашни Истиқлол!
 
БАХТИ МИЛЛАТ
Бахт дар кишвар
Боз хандон шуд,
Рӯзи хуршедӣ
Хандаафшон шуд,
Пешво аз ту, 
Раҳнамо аз ту.
Зулмати шаб рафт, 
Субҳи ноб омад.
Бо рухи субҳӣ 
Офтоб  омад -
Пешво аз ту, 
Раҳнамо аз ту.
Руҳи тоҷикӣ,
Шаъни олишон,
Туҳфаи шодӣ,
Бахти ҷовидон-
Пешво аз ту, 
Раҳнамо аз ту.
Ҷавҳари ихлос, 
Гавҳари иқбол,
Баҳри ин миллат
Руҳи  Истиқлол-
Пешво аз ту, 
Раҳнамо аз ту.
 
ЭЙ ҲАМВАТАНИ ХУШДИЛ!
Лабҳо ҳама хандон аст, эй ҳамватани хушдил!
Чашмон  шарарафшон аст, эй ҳамватани хушдил!
 
Рӯзест фараҳовар дар кишвари орифар,
Як тантанаистон аст, эй ҳамватани хушдил!
 
Дорем санохонӣ бар давлати Раҳмонӣ,
Бар халқ, ки раҳмон аст, эй ҳамватани хушдил!
 
Ӯ тоҷи сари миллат, бо халқ бувад яктан,
Ҷо дар дилу дар ҷон аст, эй ҳамватани хушдил!
 
Гулбоғи ба лаб ханда– Хатлону Хуҷанд  имрӯз,
Сарсабз Бадахшон аст, эй ҳамватани хушдил!
 
Имрӯз ҳама тоҷик дар даҳр аз ӯ нозад,
Ҳоҷии баимон аст, эй ҳамватани хушдил!
 
Шуд бо ҳамаи унвон арзандагияш собит,
Ӯ зеби сад унвон аст, эй ҳамватани хушдил!
 
Тоҷаш хушу хуршедӣ, зеби сари тоҷикист,
Мероси бузургон аст, эй ҳамватани хушдил!
 
Эмомалии Раҳмон- Доҳии ҳама тоҷик,
Арзанда ба ин шон аст, эй ҳамватани хушдил!
 
ЭЙ НАНГУ НОМИ ТОҶИКОН!
Зинда бош, эй Пешво, эй нангу номи тоҷикон!
Зинда бош, эй нурбахши субҳу шоми тоҷикон!
 
Зинда бош, эй ки туӣ ғамхор бар пиру ҷавон!
Миллати мо дар ҷаҳон шуд аз ту бо ному нишон.
 
Хурамии давлати мо, файзи истиқлоли мо,
Гашт  тимсоли саодатмандию  иқболи мо.
 
Тоҷики сайёраро азбаски гаштӣ пуштибон,
Пуштибон шуд Ориёнро ҷумла  насли Ориён.
 
Аз ту хоки тоҷикон, ки накҳати некӣ кунад,
Шарқи ман аз ному нангат бӯи тоҷикӣ кунад.
 
Чун Шумо гаштед умре  сарвари ҷонии мо,
Бо Шумо шуд зинда аз нав даври Сомонии мо!
 
МУАЗЗАМ ПЕШВО
Шаби торик равшан шуд,
Чароғон рӯи гулшан шуд.
Зи фарри нури раҳмонӣ
Мунаввар рӯи Меҳан шуд.
Ҳузури Раҳнаморо мо сано хонем, эй миллат!
Муаззам Пешворо мо сано хонем, эй миллат!
Ба халқат ваҳдат овардӣ,
Шукӯҳу шуҳрат овардӣ.
Ҳазорон аҳсан, эй Сарвар,
Ватанро нусрат овардӣ. 
Ҳузури Раҳнаморо мо сано хонем, эй миллат!
Муаззам Пешворо мо сано хонем, эй миллат!
Рақиб чун дӯст шуд бо ҳам,
Ба ҳам ҳамдам бишуд ҳамдам.
Бадӣ шуд кушта бо некӣ,
Шуд аз ин зиндагӣ хуррам.
Ҳузури Раҳнаморо мо сано хонем, эй миллат!
Муаззам Пешворо мо сано хонем, эй миллат!
 
САД САНО, ЭЙ ПЕШВО
Бар Шумо бодо сано , Эмомалӣ Раҳмони мо,
Бо дуруди покии пирони боимони мо.
Тоҷикистон бо Шумо гардид моро сарнавишт,
Мекунад бо меҳратон ин сарзамин бӯйи биҳишт.
Бо Шумо, эй сарвари ояндабину муътамад,
Тоҷикистон гашт обод аз раҳи ақлу хирад.
Азматон, ки бо муҳаббат  бӯйи тоҷикона дошт,
Дар дили халқи ҷаҳон тухми вафою меҳр кошт.
Шукрҳо, гардидаӣ сарҷамъии мулку диёр,
Тоҷики сайёра дорад аз Шумо сад ифтихор.
Тоҷикистон бо камоли ақлатон обод шуд,
Меҳри дилҳо гул бикарду мулк Меҳробод шуд.
Тоҷикистон гашт гулбоғе зи дастони Шумо,
«Пешво!»- Ин ном зеби шуҳрату шони Шумо.
Зинда бош, эй зиндасози расму ройи Ориён,
Бо дуои меҳрбори тоҷики рӯйи ҷаҳон.
 
Ҳақназар ҒОИБ,
Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 09.09.2023 №: 182-183
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив