ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР “ҶУМҲУРИЯТ”

ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР “ҶУМҲУРИЯТ”

13 сентябр 2023, Чоршанбе
9
0



  

Тантанаи Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ, ки иди шукӯҳмандӣ ва ифтихори ватандорист, дар идораи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз оғози моҳи сентябр шуруъ гардид. Дар идораи рӯзнома фазои идона танинандоз буд. Бахшида ба ин санаи тақдирсоз чорабиниҳои фарҳангӣ - варзишӣ дар руҳияи баланди милливу ватанпарастӣ баргузор гаштанд ва дар маросими тантанавӣ кормандони фаъоли нашрия бо сипоснома, диплом ва ҷоизаи пулӣ қадр шуданд.

 
Дар чорабинии идона Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзнома, нахуст кормандонро, ки ҳамчун мубаллиғони дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва хизматҳои бедареғи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлатдории навин мебошанд, ба ин ҷашни ҳумоюн табрик намуд. 
Сипас, сармуҳаррир доир ба нақши истиқлоли давлатӣ дар ривоҷу равнақи соҳаҳои гуногуни мамлакат ибрози назар карда, афзуд, ки чун солҳои қаблӣ имсол низ халқи шарафманди тоҷик Ҷашни Истиқлоли давлатиро дар фазои сулҳу ваҳдати комил бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол мегиранд. Ба шарофати сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани маҳбубамон беш аз пеш рушду нумӯ намуда, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби нуфузу эътибори баланд мегардад.
Қурбон Мадалиев, собиқадори рӯзнома, зикр кард, ки ба шарофати истиқлоли давлатӣ дар кишвар ҷашнҳои миллии мо дубора эҳё гардиданд. Аз ин нуқтаи назар, истиқлоли давлатӣ сарчашмаи ҳамаи идҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.
Дар идома аз ҷониби сармуҳаррири рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзода ба як қатор кормандон диплому ифтихорномаҳо тақдим шуданд. Аз ҷумла, Шаҳноза Қурбонова, Маҳмуд Мирзоён, Умаралӣ Сафаралӣ, Зикруллоҳ Раҷабов ҳамчун беҳтарин кормандони эҷодӣ ва дигарон аз рӯи номинаҳои гуногун қадр гаштанд. 
Пеш аз тақдими ҷоизаҳо, ба ғолибону ҷоизадорони чорабиниҳои варзишӣ Қурбоналӣ Раҳмонзода иброз дошт, ки дар баробари дигар соҳаҳо рушди намудҳои гуногуни варзиш ҳам дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад ва  барои оммавигардонии он тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд. Дар партави татбиқи ин ташаббусҳо, пайваста байни кормандони рӯзнома мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла тенниси рӯи миз, футболи хурд, волейбол, шоҳмоту шашка ва нард, доир мегарданд. 
– Чуноне шоҳид будед, тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31 августи соли 2023, бахшида ба таҷлили ин санаи тақдирсоз миёни кормандон чорабиниҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, тенниси рӯи миз ва нард доир гаштанд. Бешак, ин иқдом бо мақсади солимгардонии кормандони рӯзнома роҳандозӣ шуданд, – афзуд роҳбари идора. 
Дар идома беҳтарин варзишгарон аз ҳисоби кормандони рӯзнома низ бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд. 
 
М. БАҲРОМ, “Ҷумҳурият”
Суратгир Комрон САФАР
Санаи нашр: 09.09.2023 №: 182-183
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив