ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА САЙРИ ҶАҲОНИИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА САЙРИ ҶАҲОНИИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

13 сентябр 2023, Чоршанбе
85
0
 
Таърихи ҷомеаҳои пешрафта собит менамояд, ки, дар баробари дигар зарфияту арзишҳо, нақши фарҳанг, санъату ҳунар дар муаррифӣ ва шинохти миллатҳо хеле муассир аст. Аз ин дидгоҳ, шинохти давлати тоҷикон дар ақсои олам бо мероси фарҳангии пурғановат амри зарурие ба шумор меравад, ки аз оғози истиқлоли давлатӣ то ҳол ба ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин буд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ равобити ҳасана бо ҷомеаи ҷаҳонӣ маҷрои нав пайдо карда, андешаи миллии мардум дар заминаи асолати таърихӣ, арзишҳои маънавӣ ва мероси фарҳангӣ рушди фарогир ва беқиёс касб кард.
Ба андешаи Сарвари давлат, моҳиятан, падидаи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик аз ҷавҳари гуманистии тамаддуни ориёӣ, аз замони пайдоиши китоби муқаддаси Авасто, давраҳои гузаштагони бузургамон – аз аҳди давлатдории Каёниён то Сомониён ва тамаддуни оламгири ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад. Фарҳанги ориёӣ, ки тоҷикон яке аз меросдорони асили он мебошанд, ба башарият Авасто ва нахустин намунаи тамаддуни башардӯстонаро тақдим намуд, гувоҳи рӯшани қадимӣ будани он аст. Таъсири пурфайзи ин тамаддун аз Ҳинд то Юнон барои вусъати ҷаҳонбинӣ, рушди илму адаб ва маданияти зиндагиву рӯзгордорӣ бағоят равшан ва арзишманд аст, ки ин ҳақиқатро олимону таърихшиносон кайҳо эътироф намудаанд. 
Мо – аҳли илму фарҳанг, ба дурустӣ дарк менамоем, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, заминаҳои арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумиро ба вуҷуд оварда, дар маҷмуъ, муҳит ва фазои маънавиро дар ҷомеа шакл бахшидааст. Шинохти арзишҳои маънавӣ бунёди илмию фарҳангӣ ва тамаддунии мо боз ҳам ба ибтикороти шоиставу дурбинонаи Сарвари давлат дар мисоли ёдкарде аз бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо, ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат гиреҳ мехӯранд, ки қобили эҳтиром аст. Дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифтани солгарди фарзандони фарзонаи миллат, аз ҷумла 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1100-солагии давлатдории Сомониён, 2700-солагии китоби муқаддаси Авасто, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 2500-солагии Истаравшан, 3000-солагии маданияти Ҳисор, 5500-солагии Саразми бостонӣ ва даҳҳо ҳамоишу чорабиниҳои густурдаи фарҳангии дигар ибтикороти роҳбурдие ба шумор мераванд, ки дар зинда кардани хотираи таърих, эҳёи дигарбораи мероси фарҳангии оламшумули тоҷик такони ҷиддӣ бахшиданд. Талошҳои камназири Сарвари давлат дар пиёда намудани чунин иқдомот агар аз як сӯ, барои муаррифии шоистаи мероси илмию фарҳангӣ, таъриху тамаддуни тоҷикон бошад, аз сӯи дигар, дар густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа таъсири амиқ гузошт.
Агарчи борҳо ба ин мавзуъ ишора кардем, боз ҷойи таъкид аст, ки маҳз бо саъю талошҳои доимии Сарвари давлати мо ва дастгирии дигар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, ин оини воқеан мардумӣ ҷаҳонӣ гардид ва мо имрӯз ифтихор мекунем, ки ин ҷашни бостонии мо мақоми байналмилалиро касб намудааст. Дар ин раванд, мероси мусиқии «Шашмақом» ва «Фалак», ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дубора эҳё гардиданд. Жанри мусиқии «Шашмақом», ёдгории Саразм, Наврӯз ва Чакан ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ ва Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гаштанд. Илова бар ин, нақши калидиву мондагори Пешвои миллат дар мақоми давлатӣ гирифтани ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак», таҷлили ҳамасола ва бошукӯҳи Ҷашни байналмилалии Наврӯз, идҳои Меҳргон, Сада, Сайри гули лола, инчунин, Рӯзи Шашмақом, Рӯзи Фалак, Рӯзи Китоб, дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ қобили зикр ва эҳтироми хосса аст. 
Ҳоло метавонем иқтидори кофӣ бадастовардани Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро дар самти таълиму омӯзиш ва пажӯҳишҳо дар риштаҳои гуногуни санъату ҳунарро аз паҳлуи дигари истиқлоли фарҳангӣ арзёбӣ намоем. Боиси ифтихор аст, ки Донишкада дар замони истиқлоли давлатӣ тавонист дар рушди соҳаи мусиқӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, ба оммаи васеи мардум дастрас намудани беҳтарин дастовардҳои фарҳанг ва санъати миллӣ муваффақ гардад. Як нуктаи қобили таваҷҷуҳ вобаста ба раҳовард ё тавсеаи фаъолияти ин боргоҳи илму ҳунар дар он аст, ки маҳз бо ибтикори Сарвари давлат соли 2011-ум Донишкада соҳиби толори нави консертӣ ва сози мусиқии арғунун шуд. Пешвои миллат, ки 26-уми июн дар маросими ифтитоҳи толори консертӣ иштирок ва суханронӣ намуда буданд, аз ҷумла зикр сохтанд: «Имрӯз мо ҳамроҳ бо намояндагони парламент, роҳбарони корпуси дипломатӣ, аҳли зиё, устодон ва шогирдони Донишкадаи давлатии санъат шоҳиди воқеаи гуворою хотирмон, яъне аввалин маротиба садо додани Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун шудем. Ин амр маънои онро дорад, ки минбаъд бо ин сози бузург на танҳо мусиқии классикони ҷаҳонӣ, балки суруду таронаҳои тоҷикӣ низ, иҷро мегарданд ва навои руҳафзои сози арғунун дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз хоҳад гардид».
Дар ҳақиқат, бо гузашти вақт, бо истифода аз ин сози қадима дар Донишкада як қатор чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор шуданд ва навои руҳафзои сози арғунун дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз гардид. 
Ҳамин тавр, бо иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ бо сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-и худ ҷойгоҳи сазоворро касб намуд. Ин сиёсат, ки сиёсати сулҳхоҳона ва беғараз мебошад, доираи шарикони хориҷии кишварамонро афзуда, барои таъмини иштироки густурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои бонуфузи минтақавию  байналмилалӣ, ҳамзамон, муаррифии шоистаи дастовардҳои даврони истиқлол, бавижа фарҳанг ва санъати миллиамон, заминаи мусоид фароҳам овард.
 
Муҳриддин НИЗОМӢ,
ректори Донишкадаи давлатии 
фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филология, профессор
Санаи нашр: 13.09.2023 №: 184
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив