ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАРИ ОМӮЗГОРАМ

МОДАРИ ОМӮЗГОРАМ

13 сентябр 2023, Чоршанбе
12
0
  
Дер боз мехостам дар васфи модар чизе нависам. Андешаҳое дар сарам чарх мезананд. Калимоту ибораҳои бенизом сарриштаи маъниро намеёбанд. Китобхонаамро борҳо барои дарёфти асарҳову достонҳое, ки дар васфи модар суруда шудаанд, тагу рӯ кардам. Баландтарин маънӣ, зеботарин ибора меҷустам, то барои тавсифи модар созгор бошад. Ҳайҳот, ки ҳарфи дилчасп наёфтам. Ҳама гуфтаҳо дар назди бузургии модар беранг менамуданд. 
 
ЯК ЛАҲЗА – ЯК ПАНД
Рӯзгори модарам достонест қобили ситоишу омӯзиш. Боре омӯзгоре ба ӯ нигоҳ карда мегӯяд: "Чаро ба мактаб бо либоси куҳна меоед? Шавҳаратон бекор нестанд-ку...". Аз ин гапҳо модарам ба ғазаб омада бошад ҳам, дар ҷавоб чизе нагуфта, ба хона омад ва ҳарфи дилашро бо мо ба ҳам дид: “Агар ман ҳар рӯз либоси нав пӯшам, шумо аз куҷо мехонед? Ман тангаро болои танга монда, ба шумо медиҳам. Шукр, чортоятон донишҷӯед. Онҳо инро намефаҳманд. Дар ҳоле ки баъзеяш парвои фарзанд надорад”.
 
ҚУДРАТИ МОДАРИ МАН
Даврони мактабхонӣ модарам дар мактаб аз фанни таърихи халқи тоҷик дарс мегуфт. Падарам муҳоҷир буд. Нигоҳубини 5 фарзанд ба дӯши наҳифи модар буд. Он замон нақшаи кории бисёр сангин дошт. Субҳгоҳон Офтоб ба тирезаи хонаҳо чашмак назада, аллакай, говро медӯшиду субҳона омода мекард. Моро ба мактаб барвақтар гуселонда, худаш роҳии мактаб мешуд. Баъд аз дарс ӯро саргарми корҳои хона меёфтем. Пас аз хӯроки шом, бо мо дарс тайёр мекард. Намехост, ки ҳарфи «Фарзанди муаллима ба дарс бе тайёрӣ ҳозир шудаст»-ро шунавад. Гоҳе шабонгаҳ хобам намебурд ва ё аз вақти маъмулӣ дертар сар ба бистар мемондам. Медидам, ки модар дар даст китоб дар дафтари дигар чизе менавишт. Баъд фаҳмидам, ки ӯ низ ба дарси нав омода мешудааст. Ба ин маънӣ, модарам на танҳо ғами фарзандони хешро мехӯрд, балки дар фикри ояндаи фарзанди мардум низ буд.
 
АЗ ХУМОРИ ДИДОР ТО ДУОИ САБЗИ МОДАР  
Соле пеш аввалин бор ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Россия рафтам. Пас аз гузашти чанд моҳ, оҳиста-оҳиста хумори дидори модар мегирифт. Дилтанг мешудам. Ҳатто барои ибрози ҳоли худ байте ҳам гуфтам:
Дур гаштам аз ту модар, дарди танҳоӣ маро кушт, 
Вой бар ҳоли касе, к-аз кӯдакӣ бемодар аст. 
Бузургии модар дар ин аст, ки ҳама паёмбарон, донишмандон, сиёсатмадорон парвардаи домони поки ӯянд. Модарони тоҷик низ нобиғаҳоеро ба дунё овардаанд, ки бо ҷасорату фидокорӣ сипари ин миллат шудаанд. Ба ҳар ҷойгоҳе, ки фарзандон расидаанд, аз дуои сабзи ӯст. Пас, месазад ба қадри ин неъмат бирасем, ба поси шабзиндадориҳояш хизматашро ба ҷо овардаву як каф дуо бигирем.
 
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.09.2023 №: 184
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив