ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЯК РӮЗИ ХОТИРМОН ВА ОЛАМИ АНДЕШАҲОИ САБЗ

ЯК РӮЗИ ХОТИРМОН ВА ОЛАМИ АНДЕШАҲОИ САБЗ

14 сентябр 2023, Панҷшанбе
21
0

 
Толори Кохи Борбад. Ҳама озодаву ороста. Дил лабрези фараҳ. Ҳама ба фархундаҷашни давлати ҷавон омадаем, ки ҳамакнун аз мустақилияш 30 сол пур шуда. Овози мутантане садо медиҳад: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ҷаноби Олӣ ба саҳна меоянд. Бо ҳамон чеҳраи нуронӣ ва ғурури миллӣ. Аҳли толор чун баёни арзи сипос ба ҳамаи заҳматҳояшон аз ҷой бармехезанду садои кафкӯбӣ ба сақф мепечад. Пешвои миллат ба толор назарафканон даст рӯи қалб мегузоранд. Аз умқи дил хурсанд мешавем: барои ин рӯзи фирӯз, ин бахти баланд, барои шодии беинтиҳои халқ... 

КОМ ШИРИН ЗИ НАХЛИ ИСТИҚЛОЛ 
Аз ғояти фараҳ ба давру барам менигарам, ҳама чашмҳо рахшон, чеҳраҳо хандон, дилҳо шодон. Пешвои миллат то дер ба аҳли толор нигаристанд. Гӯё ин ҳамаро дидаву бори гароне аз шонаҳояшон фитод, зеро ягона орзуяшон – сарҷамъу шоду сарафроз дидани халқ кайҳо ҷомаи амал пӯшида буд. 
Он рӯзи наку тамоми Тоҷикистон аз самари дарахте, ки 30 сол пеш Пешвои муаззами миллат бо номи сулҳу озодӣ шинонда буданд, ком ширин менамуд. Пиру барно дасти дуо мебардошт: "Илоҳо, давлатат ҷовидон бошаду сари сабзат дар амон...". 

АЗ ДИРӮЗИ САНГИН ТО ИМРӮЗИ РАНГИН 
Ҷаноби Олӣ бо нигаристан ба далелу рақамҳо суҳбати озод менамуданду дирӯзи сангинро бо имрӯзи рангин қиёс мекарданд. Пеши чашм Ватани валангор меомад, ки на сармоя дошту на саробоне. Вале бо азму талоши фарзанди содиқаш мисли кӯдаке, ки оҳиста-оҳиста бузург мешавад, ба кишвари шукуфоне табдил ёфт. Нишоту фараҳи аҳли толорро барномаи марғуби консертӣ даҳчанд афзуд. Фазои идона дар толор танин андохт. Ба рағми ҳамаи ашкҳои талх, ҳама шодмонӣ доштем. Аз дилу ҷон хурсанд будем, то оне ки ба саҳна Фаҳим Фано, сарояндаи ҷавони афғонистонӣ, омад. 

БАШОРАТДЕҲИ ФАРДО 
Фаҳим Фано, ки меҳмони чорабинӣ буд, ба мардуми хушиқболи мо дуруду паёми халқи ранҷдидаашро мерасонду барои ҳоли зори сарзамини бесуруду бесадову дардманду бедавояш мегирист. Талх мегирист. Ин нолаи пурсӯз гулоби ашк аз дидаи аҳли толор бадар оварду дар ғами бародарон, хоҳарон, модарону кӯдакони ҷабрдида дилҳо такон хӯрданд. Заҳри ин дардро тоҷикон солҳои даҳшатбори 90-уми қарни гузашта чашидаву хеле азизонашонро аз даст дода буданд. Ба назарам аҳли толор ҳам барои мардуми афғон дил хун мекарду ҳам барои азизони гумшудааш дар он рӯзгор месӯхт... 
Чун дар рӯзҳои парешонии миллат Сарвари давлат қуввати дили халқи тоҷик гашта буданд, ин бор низ ба мардуми афғон башорат доданд, башорати фардои нек: "Зиндагӣ саҳнаи мубориза аст, ҳаргиз руҳафтода нашавед. Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ мардуми Афғонистонро танҳо намегузорад ва доим кумак хоҳад кард". 
Дар рӯзи сури миллат аз сӯги ҳамсоякишвар сухан гуфтани Пешвои миллат ин мисраи шеъри устод Мирзо Турсунзодаро ба ёд овард: 
Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре... 
Баромади Фаҳим дар ин рӯз бисёр рамзӣ буд. Ба он маънӣ, ки ғофил намонему ба қадри имрӯзи осуда бирасем.

Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.09.2023 №: 185
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив