ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. ТАҚДИМИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ АЗ НОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ХАТЛОН. ТАҚДИМИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ АЗ НОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

14 сентябр 2023, Панҷшанбе
8
0


Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, ба ифтихори Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Дар маросим раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода ширкат варзида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ  ва барои сарфароз гардидан ба мукофотҳои давлатӣ муборакбод гуфтанд.
Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки истиқлоли давлатӣ арзишмандтарин комёбии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. “Тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон, хуб медонанд, ки то расидан ба дастовардҳои имрӯза чи қадар мушкилоти сахтро паси сар кардем. Роҳи таърихие, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик сию ду соли охир тай намуд, масири пур аз монеаву мушкилот буд. Бинобар ин, истиқлол ба маънои томаш неруи бузург, рамзи ободию озодӣ ва ҳамдиливу садоқатмандӣ мебошад”, - иброз дошт Давлаталӣ Саид.
Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода зимни табрики аҳли толор гуфт, ки имрӯз мардуми худшиносу ватандӯсти Тоҷикистон дар атрофи Пешвои маҳбуби миллат беш аз пеш муттаҳидтар шуда, дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми шоиста мегузоранд. Ҳамагон фахр мекунем, ки мардуми тоҷикро оинаи таърих ҳамеша бо хислатҳои нек, фазлу дурандешӣ, хайрхоҳӣ ва тарғибгари дӯстиву рафоқат нишон додааст.
Дар идома маросими тақдими мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба як қатор фаъолони вилоят сурат гирифт.
Давлаталӣ Саид аз номи фаъолони вилоят ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои ғамхориву дастгириҳои ҳамешагӣ миннатдорӣ баён намуд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 14.09.2023 №: 185
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив