ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОХТАР.  МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО  РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД

БОХТАР.  МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО  РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД

14 сентябр 2023, Панҷшанбе
16
0


Дар шаҳри Бохтар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Ҳолгер Вифел баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Давлаталӣ Саид ба роҳбарияти бонки мазкур барои ҳамкории пайваста ва судманд арзи сипос намуда, изҳори итминон кард, ки раванди маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки вилоят минбаъд низ, босамар идома хоҳад ёфт. Зимни мулоқот саҳми бонк дар таҳкими бахши молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, ташкили инфрасохтори зарурӣ дар сатҳи маҳал, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обёрӣ, обтаъминкунии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо дар вилояти Хатлон таъкид гардид.
Раиси вилоят баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ барои аҳолии қобили меҳнат, инкишофи бозори молиявӣ ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, алалхусус дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар ашёи хоми маҳаллиро, аз самтҳои дигари ҳамкорӣ арзёбӣ намуд. Дар вохӯрӣ роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Ҳолгер Вифел тазаккур дод, ки намояндагии бонк ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти дастгирии бахши хусусӣ ва соҳибкорон, машваратҳои касбӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар самти технологияҳои рақамӣ, маблағгузории иқтисодиёти сабз, обтаъминкунӣ ҳавасманд мебошад. 
-Тавре ки иттилоъ дорем, дар Тоҷикистон Маркази зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ таъсис дода шудааст, ки ин аввалин чунин марказ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Мо ин талоши ҷониби Тоҷикистонро барои рушди зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии иқтисод ҷонибдорӣ мекунем, - афзуд ҷаноби Ҳолгер Вифел.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 14.09.2023 №: 185
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив