ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САМАРҚАНД. МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ  БА АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ БАРРАСӢ ШУДАНД

САМАРҚАНД. МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ  БА АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ БАРРАСӢ ШУДАНД

14 сентябр 2023, Панҷшанбе
25
0

 
Чанде пеш дар шаҳри Самарқанд Конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он масоили амнияти озуқаворӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҳамоиш аз қораҳои Аврупо ва Осиё намояндагони 32 давлат ширкат варзиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раъно Каримзода, муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуд.
Гуфта шуд, ки ин Конфронс ба пешвози Рӯзи ҷаҳонии ғизо роҳандозӣ гашт, ки 16-уми октябр дар саросари олам таҷлил мегардад, зеро таваҷҷуҳ ва эътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амнияти озуқаворӣ беш аз пеш меафзояд ва ба яке аз масъалаҳои муҳим ва доғи рӯз мубаддал мегардад. 
Ба таъкиди иштирокдорон, теъдоди кишварҳои машғули содироти маводи озуқаворӣ дар ҷаҳон аз ҳисоби кишварҳои Осиёи Марказӣ меафзояд. Дар ин кишварҳо меваю сабзавоти аз нигоҳи экологӣ тоза истеҳсол мешавад, ки таваҷҷуҳи як қатор кишварҳои Осиёву Аврупо ва берун аз онро ба худ кашидааст. Дар ин замина, Тоҷикистон ва  Ӯзбекистон  ҳамчун кишварҳое дар Осиёи Марказӣ ном бурда шуданд, ки аз салоҳиятҳои зиёди содироти маводи озуқаворӣ бархӯрдор мебошанд. 
– Боиси эътироф мебошад, ки иштирокдорони Конфронси Самарқанд стандартҳои байналмилалии амнияти озуқаворӣ, ҷанбаву паҳлуҳои гуногуни он дар соҳаи экологияро низ, баҳсу баррасӣ намуданд. Баргузории ҳамоиш доираи ҳамкориҳои моро васеъ намуда, ба афзоиши ҳаҷми содироти хӯроквории ба стандартҳои амнияти озуқаворӣ ҷавобгӯ,  мусоидат хоҳад кард, – гуфт Раъно Каримзода. 
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат фаъолиятҳояшро дар самтҳои содироти маводи гуногун сол ба сол тавсеа мебахшад. Солҳои охир теъдоди ҳамкорони Тоҷикистон аз ҳисоби давлатҳои Аврупову Осиё низ, рӯ меафзояд. Аз ҷумла, ду соли қабл ҳаҷми маводи содиротии Тоҷикистон қариб ду баробар афзуда, вусъати бештар пайдо кардааст.
Конфронси Самарқанд, баъди баррасии масъалаҳои зиёди марбут ба амнияти озуқаворӣ, тарғиб намудани таҷрибаҳои пешқадами соҳа ва дидору мулоқотҳо бо қабули Қатънома ба кори худ хотима бахшид.

Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.09.2023 №: 185
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив