ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Як ҷаласаи муҳим барои ҳифзи солимии аҳолӣ

Як ҷаласаи муҳим барои ҳифзи солимии аҳолӣ

15 феврал 2023, Чоршанбе
37
0
Дар шаҳри Душанбе бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷаласаи шарҳи якҷояи соли дуюми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030” баргузор гашт.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зикр кард, ки маҳз дар натиҷаи  дастгириҳои доимии роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат соҳаи тандурустӣ дар кишвар рушд намуда, ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардида истодааст.
Дар анҷом резолютсияи ҷаласаи шарҳи якҷояи соли дуюми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-2) қабул гардид.
 
 
 
 
Конфронсе, ки ба тарбияи ватандӯстӣ таҳким мебахшад
Дар толори Китобхонаи миллӣ бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ омили пешгирии падидаҳои номатлуби кӯдакону наврасон” баргузор гардид. 
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм, зикр намуд, ки тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои кӯдакону наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, барои рушди ин соҳаи муҳим тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодааст.
 
 
 
Нигаронии Давлаталӣ Саид аз истеҳсоли гӯшт, шир ва тухм дар Вахш
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Вахш мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарони корхонаву муассисаҳо, фаъолон, соҳибкорону кишоварзон ва дигар шахсони масъул доир шуд.
Раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов иттилоъ дод, ки ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёди 150 иншооти гуногун дар  нақша буда, дар ин самт корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд.
Давлаталӣ Саид оид ба истеҳсоли гӯшт, шир ва тухми мурғ, ки дар ноҳия ҳанӯз ҳам, қонеъкунанда нест, изҳори нигаронӣ карда, барои ислоҳи камбудиҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
 
 
Бунёдкориҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷараён доранд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти бунёдкориҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд шинос шуд ва барои иҷрои босифати корҳо ба масъулин супоришҳо дод.
Гуфта мешавад, ки бо ташаббуси роҳбарияти Фурудгоҳ бунёду навсозии меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон” барои 178 нафар бо 20 ҷойи корӣ, чойхонаи замонавӣ барои 240 мизоҷ ва тарабхона барои 240 мизоҷ бо 10 ҷойи корӣ, гармхона дар масоҳати 1,2 гектар барои парвариши гулҳои мавсимӣ ва сабзавот бо 20 ҷойи корӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва бофандагӣ бо даҳҳо ҷойи нави корӣ идома дошта, иншооти зикршуда туҳфаи арзанда ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.
 
 
 
То 19 феврал борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Аз 15 то 19 феврал дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат дар назар аст. 20-21 феврал ҳавои тағирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносӣ иттилоъ дод.
15 – 17 феврал бо сабаби ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавии анбуҳи ҳавои намнок аз самти уқёнуси Атлантика ва баҳрҳои Миёназамин, Сиёҳ ва Ҳазар номусоидии вазъи ҳаво пешгӯӣ мешавад. Бинобар пай дар пай ворид шудани анбуҳи ҳавои намнок ва гарм дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли боридани борон ва барф боқӣ хоҳад монд.
Санаи нашр: 15.02.2023 №: 36
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив