ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «КАРИМИ ШИШ»

«КАРИМИ ШИШ»

14 сентябр 2023, Панҷшанбе
33
0


Бо ин ном нашриёти «Адиб» китоби нависанда Зариф Ғуломро аз дасти чоп баровард. 
Карими Шиш аз мутрибону овозхонон ва оҳангсозони чирадаст ба шумор меравад. Ширинӣ ва баландии овозашро мардум тавсиф мекарданд. Ба ин хотир, ӯро Карими Шиш мегуфтанд. Ривоёту қиссаҳои зиёд дар борааш мавҷуд буданд, аммо чун ба асли навозишу оҳангҳояш дастрасӣ надоштанд, аз хотираҳо батадриҷ  дар ҳоли зудуда шудан буд. 

Бояд нахуст аз ромишгари бузурги тоҷик Рустами Абдураҳим дар ин маврид ёд биорем, ки ширинӣ ва ғановати мусиқӣ, оҳангҳои эҷоднамудаи ин хунёгари бузургро ба таври шоиста муаррифӣ карда тавонист ва аз тариқи шабакаҳои радиоиву телевизионӣ дар аввали солҳои 80- уми асри ХХ тарғиб намуд. Ӯ дар ин шабакаҳо ривоёту қиссаҳои зиёдро дар бораи Карими Шиш мегуфт ва дар суҳбатҳо иброз медошт.
Таваҷҷуҳи мардум пас аз ин бештар ба Карими Шиш ва рӯзгораш афзуд. Дар саҳифаҳои рӯзномаҳо рӯзноманигорон аз шунидаҳо дар бораи ӯ менавиштанд. Шахсиятҳои маъруфи Кангурт низ, шунидаҳояшонро мегуфтанду менавиштанд. 
Нахустин романро дар бораи рӯзгору ҳунари волои ӯ нависанда Маҷид Салим таълиф кард ва ба нашр расонд. 
Ин китоби тозанашри Зариф Ғулом, ки онро роман хондааст, дар асоси ривоёту қиссаҳо эҷод шудааст. Тавре муаллиф ёдовар мешавад: «Романи «Карими Шиш» ҳаҷман хурд бошад ҳам, мазмунан васеъ мебошад. Он воқеаю ҳодисаҳои се даҳсолаи аввали асри ХХ- ро дар бар мегирад». 
Ин навишта ҳам аз ӯст: «Мавриди таҳияи қисса, аз ҳидоят, хотираҳои ҳунармандони асил Убайдулло Раҷаб,  Фаттоҳ Одинаев, Чиллахон Холов (равонашон шод бод), Тӯрахон Аҳмадхонов истифода бурдам». 
Албатта, ба ин таълифот муҳаққиқони асил баҳои сазовор хоҳанд дод. 
Аммо башорати инҷониб он аст, ки дар бораи мутрибу овозхону оҳангсози чирадаст Карими Шиш боз як асари дигар ба дасти хонанда мерасад. Шиносоӣ ба рӯзгори пур аз ҳаводиси талхи қаҳрамон касро ба андешидан водор месозад ва аз он дармеёбад, ки ин шахсиятҳои маъруфу машҳури миллатро бо чи туҳмату фитнаҳо гунаҳкор карданд. Бешак, истиқлоли давлатӣ, ки ба қадри он ҳамеша бояд бирасем, чунин имконотеро барои баёни ҳақиқат, ҳифзи арзишҳои миллӣ фароҳам овардааст. 
Имрӯз баёни саргузашти фоҷиабору дар кунҷи зиндон ранҷ кашиданҳои ин ҳунарманд кофӣ нест. Бояд оҳангҳояш, тарзи навозишу хонишаш мавриди таҳқиқи ҷиддии пажӯҳишгарони соҳаҳои фарҳангу санъат гардад. Ин гуна иқдомҳои наҷиб ва амалӣ намудани онҳо собит хоҳад кард, ки мо, воқеан, миллати куҳанбунёду тамаддунофарем. 

Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 14.09.2023 №: 185
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив