ГӮШТӢ

14 сентябр 2023, Панҷшанбе
11
0


Хуҷанд мизбони чемпионати ҷаҳон 
Шаҳри Хуҷанд Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии камарбандӣ байни ҷавонони 18-20-соларо мизбонӣ менамояд. Он 12-15-уми октябр дар қасри варзиши шаҳр бо ширкати паҳлавонони 20 давлат баргузор мегардад, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд. 
Дар робита ба ин, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо котиби генералии Федератсияи байналмилалии гӯштии камарбандӣ Хабир Ҳабибуллин вохӯрд. Зикр гашт, ки гӯштии камарбандӣ дар вилояти Суғд маъруф буда, беш аз 800 варзишгар дар ин ришта машқ мекунад. 


САМБО
Варзишгари собиқадори кишвар қаҳрамони ҷаҳон гардид
Олимхон Алихонов, паҳлавони собиқадори тоҷик, дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни устодон (8-10-уми сентябр, Уралск, Қазоқистон) мақоми аввалро касб кард. 
Ба иттилои Федератсияи самбои кишвар, Олимхон (64 кг) байни устодони синнашон аз 65 боло дар рақобати финалӣ бар Владимир Қизилбош (дастаи FIAS – Федератсияи байналмилалии самбо) пирӯз омад. 


ГИМНАСТИКА
Раиси федератсия нав шуд
Ба симати раиси Федератсияи гимнастикаи Тоҷикистон Қосим Усмонзода интихоб гардид. Қаблан дар ин мақом марҳум Идигул Қосимзода, ки соли 2021 даргузашт, фаъолият мекард. 
Бояд гуфт, ки Федератсияи гимнастикаи кишвар ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ буда, ҳатто, барои насупурдани ҳаққи узвият аз Федератсияи байналмилалии гимнастика берун шуд.
Қосим Усмонзода гуфтааст, ки мушкилиҳоро бартараф намуда, барои беҳтар шудани фаъолияти Федератсияи гимнастика мекӯшад, то варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, ҷоизаҳо ба даст оваранд. 

Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш 

Санаи нашр: 14.09.2023 №: 185
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив