ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКОБОД.  БИНОИ НАВИ ШУЪБАИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ФАЪОЛ ШУД

ТОҶИКОБОД.  БИНОИ НАВИ ШУЪБАИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ФАЪОЛ ШУД

15 сентябр 2023, Ҷумъа
20
0

Ба ифтихори Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бинои  нави шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт. 
Дар маросими ифтитоҳи муассисаи замонавӣ Тошихиро Аики, сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қадриддин Фақерзода, раиси ноҳияи Тоҷикобод сухан гуфтанд.

Шуъбаи бемориҳои  сироятӣ бо маблағгузории давлати Ҷопон бунёд гардида, дорои 13 ҳуҷраи муолиҷавӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва 25 кати хоб мебошад. Ҳамзамон, шуъбаи мазкур  бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ – кардиоманитор, пирометр, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, луобкаш, оксигенератор, ларингоскоп, пулсоксиметр ва ЭКГ таъмин шудааст.
Хушбахтона, дар доираи таҷдиди шуъбаи мазкур дар беморхона коргоҳи  истеҳсоли оксигени тиббӣ насб гардида, хатти таъмини он муҳайё шуд. Дар беморхона дастрасӣ ба хатти оксиген,  умуман, мавҷуд набуд ва ҳангоми зарурат он ҳатман аз дигар шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ  дастрас мегардид. 
Дар шуъбаи мазкур барои ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароиту имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Шуъбаи бемориҳои сироятӣ ҷиҳати пешгирӣ ва ҳифзи солимии сокинон аз бемориҳои гуногуни сироятӣ, бунёд гардидааст.
Табибону ҳамшираҳои шафқати беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати муҳайё намудани шароити зарурии корӣ миннатдории хешро иброз намуда, ваъда доданд, ки дастгоҳу воситаҳои муосири тиббиро босамар истифода намуда, ба беморон беҳтар аз пештар  хизмат мерасонанд.
Тибқи иттилои сармеъмори ноҳия Зулфиқор Гадоев,  ба ифтихори Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Шарқиёни Ҷамоати деҳоти Нушор хатти оби нӯшоӣ ва дар деҳаи Саринайи Ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳия бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд. Ҳамчунин,  дар ноҳия бунёди 101 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз он то имрӯз 25 иншоот сохта ба истифода дода шуд.  Ҳоло дар 40 иншоот корҳои сохтмонӣ ва дар иншооти  боқимонда корҳои лоиҳакашию шаҳодатномакунонӣ идома доранд.

Меҳрона ЗУВАЙДОВА,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 14.09.2023 №: 185
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив