ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ГУРБАНГУЛИ БЕРДИМУХАММЕДОВ МУКОФОТИ ОЛӢ – "НИШОНИ ФАХРӢ"-РО ТАҚДИМ НАМУДАНД

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ГУРБАНГУЛИ БЕРДИМУХАММЕДОВ МУКОФОТИ ОЛӢ – "НИШОНИ ФАХРӢ"-РО ТАҚДИМ НАМУДАНД

15 сентябр 2023, Ҷумъа
11
0

  
14-уми сентябр Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ маслахати Туркманистон муҳтарам Гурбангули Бердимухаммедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар назди Қасри миллат меҳмони олимақомро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ истиқбол гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ маслахати Туркманистон муҳтарам Гурбангули Бердимухаммедовро самимона пазироӣ карда, ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар Қасри миллат дар ҳошияи вохӯрии панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ маросими супурдани мукофоти олии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Маросими тантанавии супурдани мукофоти олӣ бо иштироки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон сурат гирифт.
Дар  вохӯрии  панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои саҳми барҷаста дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, таъмиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои минтақа дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки мамлакатҳои минтақа дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, кӯшишҳои чандинсолаи  шахсии  ба бунёдкорӣ ва рушди бемайлон равонакардааш, мукофоти олӣ – “Нишони фахрӣ”-ро дар фазои тантанавӣ ба Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ маслахати Туркманистон Гурбангули Бердимухаммедов тақдим намуданд.
Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ маслахати Туркманистон Гурбангули Бердимухаммедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои меҳмоннавозии самимӣ ва ба сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои қадршиносӣ изҳори сипос кард.

Санаи нашр: 15.09.2023 №: 186
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив