ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАРНОМАИ ФАРҲАНГИИ “ШОМИ ДӮСТӢ”

БАРНОМАИ ФАРҲАНГИИ “ШОМИ ДӮСТӢ”

15 сентябр 2023, Ҷумъа
15
0

 14-уми сентябр дар Кохи Борбад дар ҳошияи вохӯрии панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки консертии “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид.

Дар барномаи фарҳангӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов ширкат варзиданд. 
Аҳли фарҳангу санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки бошукӯҳу пурмуҳтавои фарогири анъанаҳои деринаи милливу ҳамҷаворӣ ва равобити ҳасанаи давлатҳоро дар баромадҳои худ ба таври шоиста тараннум карда, пешниҳоди иштирокдорони чорабинӣ намуданд.
Мардумони давлатҳои Осиёи Марказиро муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, риштаҳои анъанавии дӯстӣ, ҳамсоягии нек, дарки умумият ва ҳампаймонӣ бо якдигар мепайванданд ва ин давлатҳо ба рушди ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла фарҳангу санъат, таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии зиёд доранд.  Дар ҳамин замина, пойдории муколамаи боэътимод ва рушду таҳкими муносибатҳои бисёрҷонибаи босубот ва дарозмуддат байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамаи самтҳо, яке аз авлавиятҳо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Мулоқоту музокироти сатҳи олии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ба таҳкими раванди рушди ҳамкории минтақавӣ ва пойдории амнияту субот дар минтақа мусоидат мекунанд.
Барномаи муштараки рангини консертӣ таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”, ки инъикосгари анъанаҳои деринаи дӯстиву ҳамкории ояндадори кишварҳои минтақа  буд, хеле дилписанду фараҳбахш доир гардид ва меҳмонони олимақом ба ҳунару истеъдоди  аҳли фарҳангу санъат  баҳои баланд доданд.

Санаи нашр: 15.09.2023 №: 186
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив