ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗДИД АЗ ДЕҲКАДАИ БӮСТОНСАРОИ ҲУКУМАТӢ

БОЗДИД АЗ ДЕҲКАДАИ БӮСТОНСАРОИ ҲУКУМАТӢ

15 сентябр 2023, Ҷумъа
16
0

 
Шоми 14-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар деҳкадаи Бӯстонсарои ҳукуматӣ маҳфили “Шоми дӯстӣ” барпо карданд.

Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳмонони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайругашти шомгоҳӣ баромада, аз намоишгоҳи неъматҳои табиии диёри биҳиштосои мо дидан намуданд.  Дар намоишгоҳи пуршукӯҳ меваю сабзавот, хушкмеваю асал ва дигар неъматҳои бебаҳои табиии кишвари мо ба маъраз гузошта шуда, ба меҳмонони олимақом маъқул шуд. Дар роҳравҳои алоҳида ҳар намуд маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва ороиши гуногун пешкаш гардиданд.
Маҳфили «Шоми дӯстӣ» барои сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ хеле писанд омад ва меҳмонони олимақом бори дигар ба имконоту захираҳои фаровони кишвари мо дар самти истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат ва хушкмеваҳо, инчунин, намудҳои гуногуни таомҳои хушлаззат аз наздик шинос шуданд.

Санаи нашр: 15.09.2023 №: 186
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив