ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ 

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ 

17 феврал 2023, Ҷумъа
31
0
16 феврал суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.
Дар оғози суҳбат дар робита ба офати табиии фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сарвари кишвари ҳамсоя таъзия ва тасаллии самимии ҷониби Ӯзбекистонро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва мардуми Тоҷикистон изҳор намуданд.
Дар идомаи суҳбат сарварони ду давлат атрофи масъалаҳои рӯзмарраи минтақавӣ, бахусус мушкилоти тағйирёбии иқлим ва роҳҳои пешгирӣ аз таъсири оқибатҳои он ба муҳити зист, мубодилаи афкор анҷом доданд.
Ҷонибҳо, инчунин, масъалаҳои алоҳидаи мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Санаи нашр: 17.02.2023 №: 38
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив