ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОСИЁИ МАРКАЗӢ. БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ ВА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ДАР МУКОЛАМАИ ЗАНОНИ МИНТАҚА

ОСИЁИ МАРКАЗӢ. БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ ВА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ДАР МУКОЛАМАИ ЗАНОНИ МИНТАҚА

19 сентябр 2023, Сешанбе
29
0


Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи вохӯрии панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал вохӯрии ҳузурии аъзои платформаи Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар мавзуи “Ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ” доир гардид.
Бо ташаббуси Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) вобаста ба татбиқи сиёсати гендерӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъмини иштироки фаъоли бонувон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва дастгирии ташаббусҳои ҳаётан муҳими онҳо ҳанӯз моҳи декабри соли 2020 аз ҳисоби роҳбарзанони 5 давлати минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси розигии роҳбарони кумитаҳои мазкур аз кишварҳои Осиёи Марказӣ платформаи Муколамаи занони Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд.
Таъсиси майдони машваратии занон, аз ҷумла Муколамаи занони Осиёи Марказӣ шаҳодат аз он аст, ки роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба масъалаи ноил шудан ба баробарии гендерӣ, ширкати фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи хос доранд.
– Сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯшиш бар он доранд, ки масъалаи тағйирёбии иқлимро, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ба сиёсати миллии идоракунӣ ворид намоянд. Аз ин рӯ, ҳамаи кишварҳои минтақа стратегияҳои миллӣ ва нақшаи амал оид ба коҳиш додани тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба онро таҳия ва қабул намуда, вазифаҳои афзалиятнокро дар самти ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва идоракунии хавфи офатҳои табиат муайян карданд. Мутобиқи уҳдадориҳои миллӣ, дар доираи Созишномаи Париж ва чаҳорчӯбаи Барномаи Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳо барои солҳои 2015-2030 корҳо ҷараён доранд, - гуфт Ҳилолбӣ Қурбонзода.
Бино ба таъкиди Матлубахон Сатториён, муовини Сарваризи кишвар, вохӯрии минтақавии сатҳи баланди аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ яке аз он чорабиниҳои канорие мебошад, ки дар доираи вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ба фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати анҷоми мубодилаи афкор, дастрасӣ ба иттилоот ва омӯзиши таҷрибаи тарафайн, таҳияи стратегияҳо ва барномаҳои ҳамкорӣ барои кам кардани эҳтимолияти хавфи офатҳои табиӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба ҳамкориҳои минбаъда дар самти ноил гардидан ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занону духтарон дар шароити тағйирёбии иқлим заминаи мусоид мегузорад.
Чорабинии сатҳи баланд бо иштироки Қурбонзода Ҳилолбӣ, Танзила Норбаева, раиси Маҷлиси Сенати Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Еспаева Дания, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷамила Исаева, муовини раиси Торага Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, Дурдыева Акҷемал, раиси Шурои иттифоқи занони Туркманистон, Имнадзе Каха, намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, роҳбари маркази Минтақавии СММ оид ба дипломатия барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) баргузор гардид. Дар он, ҳамчунин, Наталя Герман, директори иҷроияи Директорати иҷроияи Кумитаи зиддитеррористии Шурои амнияти СММ бо муроҷиати видеоӣ иштирок ва сухан ронд.
Вохӯрӣ аз ду ҷаласаи панелӣ иборат буда, масъалаҳои “Ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ”, “Ташаббусҳои экологии Осиёи Марказӣ дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор”-ро мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дод. Миёни меҳмонону иштирокдорон вобаста ба мавзуъҳои зикргардида мубодилаи афкор сурат гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки ҳайати расмии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар доираи баргузории чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва аз маҷмааи “Кохи Наврӯз”-ро тамошо карданд.  
Сафари кории меҳмонон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 рӯз идома ёфта, рӯзи 15-уми сентябри соли 2023 аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ аз Неругоҳи барқии обии “Норак” боздид намуданд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.09.2023 №: 187
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив