ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

19 сентябр 2023, Сешанбе
11
0

 
"ҶАВОҲИРОТИ БЕСИФАТ. АЗ БЕМАСЪУЛИЯТИИ МАСЪУЛОН ТО ПОЙМОЛ ГАШТАНИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН"
Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баррасии матлаби интишорнамудаи рӯзнома: "Ҷавоҳироти бесифат. Аз бемасъулиятии масъулон то поймол гаштани ҳуқуқи истеъмолкунандагон" (2 марти соли 2023, №47-48), ки зимнан оид ба шарҳи воқеият ва тадбирандешиҳо роҷеъ ба ислоҳи вазъ дар бозори истеъмолӣ андешаҳои роҳбарияти Нозирот низ дар мавод саҳеҳ оварда шудааст, иловатан чунин иттилоъ медиҳад.
Дар нимсолаи аввали соли равон дар натиҷаи ташкил ва баргузор намудани ҳамкориҳои муштарак байни Нозироти давлатии иёргирӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук оид ба танзими ҳуқуқии фаъолият дар самти истеҳсол, муомилот ва воридоти маснуоти заргарӣ, аз тарафи шуъбаи озмоишӣ ва ташхиси кимиёвӣ, бахшҳои намояндагии Нозирот дар вилоятҳои Суғду Хатлон, дар маҷмуъ, 127023 дона маснуоти заргарӣ бо вазни умумии 425,94 кг мавриди ташхис ва тамғагузорӣ қарор дода шуд. Аз ин шумора 74145 дона бо вазни 216,07 кг тилло, 51287 дона бо вазни 182,1 кг нуқра ва 1591 дона бо вазни 27,77 кг маснуоти нимқиматбаҳою ғайриқиматбаҳо мебошад. 
Дар самти ташхиси геммологӣ, баҳогузории маснуоти заргарӣ ва сангҳои қиматбаҳо, пешниҳоди маълумотнома, хулосаи ташхисӣ, инчунин, бо сертификати мутобиқат таъмин намудани онҳо аз ҷониби Нозирот дар ҳамин давра 6218 дона маснуоти заргарӣ ва сангҳои қиматбаҳо бо вазни умумии 59,99 кг аз ташхиси геммологӣ гузаронда, баҳогузорӣ карда шуд.
Гузашта аз ин, баҳри гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба субъектҳои хоҷагидорӣ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани риояи талаботи қонунгузории кишвар дар самти муомилоти металлу сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ, шикастапораҳои онҳо, инчунин, сохтани маснуоти заргарӣ ва дандонҳо аз металли қиматбаҳо аз 15 то 26 майи соли 2023 гурӯҳи корӣ дар ҳайати сардори Нозирот, мутахассисони дастгоҳи марказӣ ва бахши намояндагии он дар вилояти Хатлон, ба вилояти Хатлон ва зимнан чунин гурӯҳи корӣ дар ҳайати сардори Нозирот ва мутахассисони дастгоҳи марказӣ аз 12 то 30 июни соли 2023 ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафарбар гардиданд. Натиҷаи корҳои азназаргузаронии макони фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ   нишон дод, ки дар маҷмуъ 13 субъекти соҳибкорӣ бидуни ҳуҷҷати иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти харидуфурӯши маснуоти заргарӣ ва 9 адад бе ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба фаъолияти таъмир ва сохтани маснуоти заргарӣ машғул мебошад. Зимни чораандешиҳо ин камбудиҳо бартараф ва аз ҷониби субъектҳои мазкур ҷиҳати гирифтани ҳуҷҷати иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ ариза ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Вазорати молия ва Нозирот пешниҳод гашт. 
Ҳамзамон, дар ин раванд муайян гардид, ки аз ҷониби 183 субъект маснуоти заргарӣ бе тамғаи давлатӣ ба муомилот бароварда шудааст, ки мусодира ва аз муомилот боздошта шуд. Маснуоти мусодирагашта барои ташхису тамғагузорӣ аз ҷониби субъектҳои зикршуда ба дастгоҳи марказии Нозирот пешниҳод гардид, ки ҳар кадоме қабул ва ба расмият дароварда шуд. Дар натиҷаи қабули маснуоти заргарӣ, маълум гардид, ки аз 56,43 кг маснуоти заргарии бе тамғаи давлатӣ аз ҷониби субъектҳои зикргардида ба муомилот бароварда, 888,26 грамми он аз металли сифати паст сохта шуда, ба меъёри стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯй намебошад. Дар маҷмуъ, ҳамчун натиҷаи фаъолияти гурӯҳи корӣ дар ин сафарҳо 56,43 кг маснуоти заргарӣ мавриди ташхису тамғагузории Нозирот қарор гирифт. 
Бо мақсади пешгирии тақаллубкориҳо ва ҳифзи иёри давлатӣ, ки натиҷаи интиҳоии он, қабл аз ҳама, ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нигаронда шудааст, Нозирот оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" аз 23 декабри соли 2022 ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2023 оид ба тақвияти чораҳо нисбати воридот ва муомилоти маснуоти заргарии ғайристандартӣ, тадбирҳои мушаххас андешид. 
Аз ин ҷост, ки бо омӯхтан ва таҳлили таҷрибаи кишварҳои муваффақона роҳандозинамудаи назорати иёри давлатӣ дар соҳаи гардиши маснуоти заргарӣ (Олмон, Туркия, Италия, Ҳиндустон ва Россия) баҳри пурзӯр намудани назорати давлатӣ дар соҳаи мазкур, ки аз ҷумла ба хотири тақвияти чораҳо оид ба ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ нигаронда шудааст, дар мувофиқа бо вазири молия, бо риояи тартиби хариди давлатии мол аз ширкати илмӣ-истеҳсолии "Лазерный центр"-и шаҳри Санкт-Петербург 3 таҷҳизоти тамғагузориро бо маблағи 2,7 миллион сомонӣ харидорӣ намуд, ки феълан раванди насбу ба истифода омода карданашон дар ҳоли анҷомёбист. 
Бояд гуфт, ки таҷҳизоти мазкур метавонад дар як вақт ҳамвора тамғаи рамзи иёри давлатӣ ва DATA-Matrix-ро бо фарқгузорӣ ба андозаи онҳо аз 1 то 50 микрон гузошта, бо кафолати эминии тамғаи бо усули DATA-Matrix гузошташуда аз фарсудашавӣ ва аз байн рафтани онҳо, имконияти пайвастшавиро бо дигар барнома ва платформаҳо амалӣ намояд. Инчунин, таҷҳизот иттилои заруриро низ аз махзани ягона нисбати маснуоти заргарии тамғаи иёри давлатӣ ва DATA-Matrix гузошта тариқи автоматӣ дар монитор нишон дода, ҳифз намудани тамғаи иёри давлатӣ ва DATA-Matrix-и гузошташударо аз тақаллубкориҳо кафолат медиҳад, яъне дар сурати ошкор гардидани маснуоти заргарии бо роҳи қаллобӣ тамғагузоришуда, таҷҳизот тамғаи асл ва тақаллубиро фарқ карда метавонад. 
 
Дилшод САИДЗОДА, сардори Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 18.09.2023 №: 187
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив