ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КӮШОНИЁН. ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ТАНТАНА ДОШТ

КӮШОНИЁН. ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ТАНТАНА ДОШТ

19 сентябр 2023, Сешанбе
9
0

Бахшида ба Ҷашни бузурги миллӣ - 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарон ва кормандони ташкилоту идораҳо, собиқадорони меҳнат ва сокинони ноҳия, чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. 
Сараввал меҳмонон, дар саҳни бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 10 нафар ятими кулл туҳфаҳои хотирмон, ба 20 ҷуфт навхонадор шаҳодатномаи ақди никоҳу туҳфаҳо ва ба 10 нафар кӯдаки аз оилаҳои ниёзманд дучархаҳо супурданд. Дар кӯчаи марказии шаҳраки Исмоили Сомонӣ аз намоиши дастовардҳои меҳнаткашони ноҳия, ҷавонону варзишгарон, ҳунармандон дидан намуда дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар қисми тантанавӣ- фарҳангии чорабинӣ ширкат карданд. Раиси ноҳия Икромиддин Вализода дар суханронии худ иштироки меҳмони гиромиро хайрамақдам гуфта, тамоми иштирокчиёни чорабинии идонаро бо Ҷашни бузурги миллӣ табрику таҳният гуфта,  дар ин лаҳзаҳои пурнишот ба халқи шарафманди ноҳия ва ҷумҳурии азизамон, сари баланду неруи тоза ва комёбиҳои нав ба навро орзу намуд. Ҳамзамон зикр гардид, ки истиқлоли давлатӣ барои миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик дар давраи ду аср падидаи бемисл ва боазамати таърихӣ буда, воқеаҳои зиёди  сарнавиштсозро дар бар мегирад. Тоҷикистони азизи мо маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории навин арзи ҳастӣ  намуд. Истиқлол нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодати бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад. Дар чорабинии идона, инчунин, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми ноҳияро бо Ҷашни муқаддас шодбош гуфт. 
Сипас, бо иштироки меҳмони гиромӣ ва роҳбарияти ноҳия ба як қатор роҳбарони ташкилоту идораҳо, собиқадорони меҳнат, соҳибкорони ватандӯст ва хоҷагидорони пешсаф Ифтихорнома, Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва туҳфаҳои арзишманд супурда шуданд. Аз ҷумла, ба раиси ноҳия Икромиддин Вализода нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Аъзам Чиллазода, сардори раёсати молияи ноҳия Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. Чорабинии идонаро барномаи рангини ҳунарӣ бо сурудани шеъру таронаҳои ватандӯстона хотирмон гардонд. 

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 18.09.2023 №: 187
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив