ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

19 сентябр 2023, Сешанбе
23
0


Дар хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд мавсими ҷамъоварии пахта оғоз ёфт. Баҳори имсола кишоварзони навоҳии пахтакори вилоят дар майдони беш аз 50 ҳазор гектар пунбадона кишт карда, ҳосили фаровон рӯёнданд, ки акнун бояд беталаф ҷамъоварӣ шавад. 

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят, ба муносибати оғози оммавии ғунучини ҳосил ба ноҳияи Зафаробод сафар намуда, аз хоҷагиҳои деҳқонии “Учқун” ва “Даҳкат”-и деҳоти Ҷомӣ ва Меҳнатобод, ки ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшидаанд, дидан кард. 
Таъкид шуд, ки ҷиҳати беталаф ҷамъ овардани  ҳосил тамоми тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд. Аз ҷумла, ҷиҳати ҳавасмандии чинакчиён дар ғунучини ҳосил ҳоло хоҷагиҳои деҳқонӣ ба як кило пахта то 80 дирам пардохт менамоянд ва рӯзҳои наздик он аз 1 сомонӣ хоҳад гузашт. 
Инчунин, раиси вилоят бо ҷараёни кори коргоҳҳои пахтатозакунии ноҳия шинос гардид. Аз масъулон даъват ба амал оварда шуд, ки дар мавсим ба сифати коркарди пунба таваҷҷуҳи зиёд дода, ҳамкориро бо хоҷагиҳои деҳқонӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.
Дар мавсими имсола деҳқонони ноҳияи Зафаробод тасмим гирифтаанд, ки  аз майдони беш аз 10 ҳазор гектар 21 ҳазору 165 тонна “тиллои сафед” ҷамъ оранд. Ҳоло дар ҳамаи навоҳии пахтакори вилоят ин маъракаи муҳим вусъати тоза пайдо мекунад. 
Ба иттилои Маъруф Шарифиён, сардори раёсати кишоварзии вилояти Суғд, дар мавсими имсола деҳқонони вилоят ният доранд, ки зиёда аз 135 ҳазор тонна ҳосили пахта ғундоранд.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.09.2023 №: 187
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив