ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШУРОИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШУРОИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

17 феврал 2023, Ҷумъа
62
0
 
16 феврал таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шурои амнияти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеи Шурои амнияти кишвар доир ба масъалаи вазъи муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир ва чораҳои тақвият бахшидан ба таъмини амнияти давлат ва суботу оромии ҷомеа баргузор гардид.
 
Дар суханронии ифтитоҳии худ зимни таҳлили вазъияти воқеии минтақа ва ҷаҳони муосир Роҳбари давлат таъкид карданд, ки дар шароити ҳассоси имрӯза таҳкими амнияти миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа барои давлатдории мо аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Зикр гардид, ки вобаста ба вазъияти минтақа ва ҷаҳон масъалаҳои муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, аҳамияти торафт мубрам пайдо карда истодаанд. Дар робита ба ин, сохтору мақомоти дахлдор вазифадор гардиданд, ки корро ҷиҳати иҷрои талаботи «Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба таври ҷиддӣ ҷоннок намоянд.
Вобаста ба масъалаи маблағгузории терроризм ва пешгириву ошкор кардани чунин амали хатарнок, ки вақтҳои охир боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст, ба Бонки миллӣ супориш дода шуд, ки назорати риояи қонунгузориро дар фаъолияти бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ, хусусӣ ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ҳангоми пешбурди амалиётҳои бонкӣ пурзӯр намояд.
Сипас, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов доир ба вазъи воқеии таъмини амният ва суботу оромӣ дар кишвар ҳисобот дод.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, дар назди роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҳама гуна ҷинояткориву қонуншиканӣ, таъмин кардани амният ва волоияти қонун, тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷузъу томҳои низомӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва хизмат барои хизматчиёни ҳарбӣ, тарбия ва интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти афсарону сарбозон, риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ ва қонунияту тартибот вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Роҳбари давлат махсус таъкид карданд, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони муосир бояд ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, ҳисси баланди миллӣ ва пешгирӣ намудани шомилшавӣ ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Пешвои миллат ба роҳбарони сохторҳои низомӣ супориш доданд, ки навсозии техникии Қувваҳои Мусаллаҳро тезонида, 70 иншооти инфрасохтори сарҳадӣ, аз ҷумла дидбонгоҳҳои сарҳадиро, ки бунёд шуда истодаанд, бо тамоми таҷҳизоту шароити зарурӣ соли ҷорӣ ба истифода супоранд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, роҳбарону шахсони масъул ва аъзои Комиссияи давлатии таъсисдодашударо бори дигар вазифадор намуданд, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиии як рӯз пеш дар шаҳри Хоруғ рухдода, аз ҷумла бо маводи ғизоӣ, либоси гарм ва дигар ашёи зарурии рӯзгор таъмин намудани оилаҳои зарардида тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Санаи нашр: 17.02.2023 №: 38
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив