ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛМАҶИД ТАББУН 

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛМАҶИД ТАББУН 

20 сентябр 2023, Чоршанбе
16
0


19-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (шаҳри Ню-Йорк) дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ бо Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абдулмаҷид Таббун мулоқот карданд.
Дар  вохӯрӣ масоили таҳкиму густариши робитаҳои Тоҷикистону Алҷазоир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сарварони давлатҳо ба масъалаи тавсеаи муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб муфид, ҳамчунин, масоили мубрами рӯзномаи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. 


ВОХӮРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО  ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН 
19-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (шаҳри Ню-Йорк) дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров вохӯрданд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо, дар баробари муҳокимаи робитаҳои дуҷониба, инчунин, оид ба рӯзномаи ҳамоиши мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид табодули андеша карданд.

Санаи нашр: 20.09.2023 №: 188
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив