ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА “ҶУМҲУРИЯТ” ҶАВОБ ОМАД

БА “ҶУМҲУРИЯТ” ҶАВОБ ОМАД

20 сентябр 2023, Чоршанбе
17
0


БАҲСИ МАНЗИЛ.  ЧАРО СУД БЕ ИШТИРОКИ МО ДАЪВОИ  ТАРАФИ МУҚОБИЛРО ҚОНЕЪ КАРД?  
Дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Латофат Зулфиқорова, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз 14 июли соли 2023, № 144 зери унвони “Баҳси манзил. Чаро суд бе иштироки мо даъвои тарафи муқобилро қонеъ кард?” нашр гардидаст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Муаллиф дар мақолааш оид ба масъалаи поймол гаштани ҳуқуқҳояш вобаста ба баҳси манзили ӯ ибрози назар намуда, навиштааст, ки суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 13 декабри соли 2021 бе иштироки вай даъвои ҶДММ “Раҳмон-2016”-ро оид ба кӯчондани ӯ аз манзили истиқоматӣ бо додани манзили истиқоматии дар бинои нав сохташуда, бо пардохти иҷорапулӣ дар давоми корҳои сохтмонӣ қонеъ кардааст. Латофат Зулфиқорова барои гирифтани ҳалнома ба суд муроҷиат карда бошад ҳам, аммо то 16-уми ноябри соли 2022 ба ӯ дастрас нашудааст. 
Тибқи талаботи қисми 4 моддаи 170 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд ҳуқуқ дорад парвандаро ҳангоми ҳозир нашудани ин ё он шахси иштирокчии парванда, ки дар хусуси вақт ва маҳали маҷлиси судӣ огоҳ карда шудаанд, баррасӣ намояд, агар онҳо оид ба сабабҳои ҳозир нашуданашон маълумот пешниҳод накарда бошанд ё суд бо сабабҳои ҳозир нашудани онҳоро узрнок эътироф накунад.
Бояд зикр намуд, ки ҷавобгар Л. Зулфиқорова аз вақт ва маҳали баррасии парванда ба воситаҳои хабарномаи судӣ ва мактубҳо аз 18-уми ноябри соли 2021, 29-уми ноябри соли 2021, 9-уми декабри соли 2021 огоҳ гардида, аз қабули хабарнома ва мактубҳо саркашӣ намуда, ба маҷлиси суди ҳозир нашудаст. Санади тартибдодаи суд аз 24-уми сентябри соли 2021 тасдиқ менамояд, ки ҷавобгар Л. Зулфиқорова аз гирифтани аризаи даъвогӣ низ, саркашӣ кардааст.
Мутобиқи талаботи моддаи 38 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ дар ҳолатҳои истисно ҳангоми мавҷуд набудани роҳҳои дигари ҷойгиронии иншоотҳо ба амал бароварда мешавад.
Ҳамзамон, тибқи талаботи моддаи 64 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар хонаи истиқоматӣ дар биное воқеъ бошад, ки бо сабаби гирифтани қитъаи замини он барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ бояд вайрон карда шавад, инчунин, агар бино (хонаи истиқоматӣ) бо мақсади ғайриистиқоматӣ аз нав таҷҳизонда шавад, бо шаҳрвандони аз ин бино кӯчбаста, ҳамон корхона, ташкилот ё муассисае, ки қитъаи замин ба он ҷудо карда мешавад, ё бинои (хонаи) аз нав таҷҳизондашуда барои он дода мешавад, манзили дигари ободи истиқоматӣ медиҳад.
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 31-уми декабри соли 2020, таҳти № 693 ба ҶДММ “Раҳмон-2016” барои лоиҳакашии биноҳои истиқоматии баландошёна бо ҷойгиронии марказҳои савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои аввал ва таваққуфгоҳи нақлиёти автомобилӣ дар таҳхонаи онҳо, дар заминаи манзилҳои истиқоматии шахсӣ, дар қитъаи замини масоҳаташ 11.678.0 метри мураббаъ, ки дар он манзили истиқоматии ҷавобгар Л. Зулфиқорова низ ҷойгир мебошад, иҷозат дода шудааст.
Оид ба ваҷҳи мақола дар хусуси он ки даъвогар барои бартараф намудани манзили истиқоматии муаллиф розигии хаттиашро нагирифта, ҳуқуқ надорад хонаи ӯро вайрон кунад, бояд зикр намуд, ки ҶДММ “Раҳмон-2016” ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди соҳибмулкон якчанд маротиба вохӯрӣ гузаронда, шартномаҳои дахлдор бастааст. Ин ҳолатро нусхаи санад ва протоколи ҷаласаи вохӯрӣ тасдиқ мекунад. Ҷавобгар Л. Зулфиқорова бошад, баҳри таъмини иҷрои уҳдадориҳои даъвогар монеагӣ кардааст.
Ваҷҳи дигари мақола дар бораи он ки Л. Зулфиқорова ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст, вале суд то 16-уми ноябри соли 2022 нусхаи ҳалномаро ба ӯ дастрас накардааст, беасос мебошад. Бино ба маводҳои парванда, ҳалномаи суд 13-уми декабри соли 2021 қабул гардида, нусхаи он 14-уми декабри соли 2022 тариқи почта ба ҷавобгар Л. Зулфиқорова ирсол гардида, вале охирин аз гирифтани ҳалнома саркашӣ намудааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки шахсони иштирокчии парванда ва дигар шахсоне, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо бо санадҳои судии қабулкардаи суд вайрон гардидаанд, метавонанд мутобиқи талаботи моддаи 365 Кодекси мурофиавии гражданӣ, ба суди марҳилаи назоратӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун шикояти назоратӣ пешниҳод намоянд.
Дар чунин ҳолат суди марҳилаи назоратӣ тибқи талаботи моддаҳои 370-371 Кодекси мурофиавии гражданӣ, парвандаро талаб намуда, мавриди омӯзиш қарор дода, санади судии дахлдор қабул менамояд.

А. ИСҲОҚӢ, муовини раиси Суди Олӣ

Санаи нашр: 20.09.2023 №: 188
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив