ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОФАТҲОИ ТАБИӢ.  АЗ ОБХЕЗӢ ДАР ЛИБИЯ ТО ЗАМИНЛАРЗА ДАР МАРОКАШ

ОФАТҲОИ ТАБИӢ.  АЗ ОБХЕЗӢ ДАР ЛИБИЯ ТО ЗАМИНЛАРЗА ДАР МАРОКАШ

20 сентябр 2023, Чоршанбе
26
0


Теъдоди қурбониёни обхезӣ дар Либия, ба иттилои Ташкилоти Ҳилоли Аҳмар, аз 11300 нафар гузашт. Эҳтимол, ин рақам ниҳоӣ нест. Мақомоти шаҳри Дарна бар асоси шумораи биноҳои харобшуда тахмин кард, ки қурбонии офати табиӣ шояд ба 20 ҳазор нафар расад.
Ба иттилои “Евронюс”, Созмони Милали Муттаҳид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки ба 850000 нафари ниёзманд ёрӣ расонанд.
Обхезӣ бар асари туфони “Даниел”, сиклоне аз баҳри Миёназамин, рух дод. 10-уми сентябр туфон дар шарқи Либия боиси сар задани шамол ва борону раъду барқ гардид ва ду сарбандро хароб кард. Дар натиҷа, сокинон зери об монданд, ки баландиаш 7 метрро ташкил дод. Аз ин тӯфон қаблан Туркия, Полша ва Булғористон низ, зарар дида буданд. 
Вазъият дар шаҳри Дарна бо он сабаб мураккаб шудааст, ки пас аз задухӯрдҳои чандсола дар шаҳр гулӯлаву минаҳои нотаркида зери об мондаанд. Ташкилоти Ҳилоли Аҳмар ҳушдор додааст, ки селоб метавонад онҳоро ба манотиқи дигар бурда, кори наҷотдиҳандаҳоро душвор гардонад.
Барои бартараф сохтани оқибатҳои обхезӣ ҳукуматҳои ғарбӣ ва шарқии Либия, ки солҳост бо ҳам мубориза мебаранд, муттаҳид шуданд. Мақомоти шарқӣ, ки дар Банғозӣ қарор дорад, барои ёрӣ ба осебдидагон қариб 2 миллиард доллар ҷудо кард. Ҳукумати ғарбии ин кишвар, ки қароргоҳаш дар Триполи воқест, ба манотиқи осебдида корвони кумакҳои башардӯстона фиристода, амр дод, ки барои ҳавопаймоҳои ёрирасон ройгон сӯзишворӣ диҳанд ва барои бозсозии Дарна 412 миллион доллари ИМА ихтисос дод.
Ёрӣ аз хориҷ низ ворид мешавад. Иттиҳоди Аврупо барои эҳтиёҷоти изтирории Либия беш аз 530000 доллар ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт 2 миллион доллар хайр карданд. Миср, Тунис, Туркия, Италия ва Испания наҷотдиҳандагонашонро ба минтақаҳои фоҷиа фиристоданд. Фаронса дар маҳали обхезӣ як беморхонаи саҳроӣ сохт.
8-уми сентябр дар кӯҳҳои Атлас, ҷанубу ғарби Марокаш, заминларзаи 6,8-дараҷаӣ рух дод, ки дар натиҷа чандин деҳаи ноҳияҳои дурдаст пурра нест шуда, қариб 3000 нафар ба ҳалокат расида, 2562 нафар осеб дид.
Дар робита ба ин офати табиӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Марокаш Муҳаммади VI ибни Ҳасан барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.
Ба иттилои “Евронюс”, ин қавитарин заминларза дар Марокаш дар 120 соли охир буд. Мероси меъмории ин кишвар зарари калон дид. Дар кӯҳҳои Атлас масҷиди Тинмел, яке аз муҳимтарин ёдгориҳои таърихӣ, ки дар асри XII сохта шудааст, қисман фурӯ рехт. Илова бар ин, маркази куҳнаи Марокаш, ки ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил аст, хисороти зиёд дид.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.09.2023 №: 188
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив