ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАНҶАКЕНТ. СИФАТУ ШУҲРАТИ БИРИНҶИ МАҲАЛЛИРО ДАР МИНТАҚА МЕАФЗОЕМ

ПАНҶАКЕНТ. СИФАТУ ШУҲРАТИ БИРИНҶИ МАҲАЛЛИРО ДАР МИНТАҚА МЕАФЗОЕМ

22 сентябр 2023, Ҷумъа
17
0


Мо аз дастгирию ёриҳои ҳамешагии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода миннатдорем. 5 майи соли ҷорӣ раиси вилоят аз деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент дидан карда, ҳолати киштзорҳоро аз назар гузаронд ва  шоликоронро дастур дод, ки кишти навъҳои беҳтарини шолиро ба роҳ монда, ба содироти биринҷи аълосифат замина гузоранд. Бо маслиҳати раиси вилоят, заминҳои бекорхобидаи канори рӯд ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид ва барои ҳифзи шолизор аз обхезии дарёи Зарафшон тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. 
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафарҳояшон ба суғдзамин дастовардҳо ва таҷрибаи наҷиби шолипарваронро тавсиф карда, омӯзиш ва густариши  онро ба ҳамтоёни соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд. 
Воқеан, биринҷи Панҷакент бо сифати аълояш харидоронро ба худ ҷалб мекунад. Бостоншаҳри мо бо оши палав ва навъҳои беҳтарини биринҷ дар саросари ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он шуҳрати дерина дорад. Сокинони заҳматқарини деҳоти Хурмӣ, ки  бештар ба шолипарварӣ машғуланд, бозорҳои шаҳру деҳотро бо биринҷи хушсифат таъмин менамоянд. Дастранҷи корашон ба шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва дигар минтақаҳо дастрас мешавад.
Имсол кишоварзони деҳоти Хурмӣ дар майдони қариб 600 гектар навъҳои беҳтарин ва озмудашудаи шолиро, аз қабили «Девзира», «Нуқус», «Марҷон», «Регар», «Панҷрӯд», «Юбилей», парвариш  мекунанд. Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии ба номи Шамсиддин Назаров дар майдони 75 гектар навъҳои гуногуни шолӣ парвариш карда, ҳамасола ба мардум тухмиҳои босифатро пешниҳод менамояд.
Тибқи нақша, шолипарварон имсол аз майдони 600 гектар 3500-3600 тонна ҳосил ҷамъ хоҳанд овард. Аз миқдори зикршудаи шолӣ ҳудуди 50-60 дарсади онро маҳсулоти ниҳоӣ, яъне биринҷ, ташкил хоҳад дод. Аз қисми боқимондаи ҳосил нимбиринҷ ва хӯроки чорво омода мешавад. Шолипарварони номӣ Авазбой Шарифов, Тӯрақул Мутаиллоев, Қурбонназар Холмирзоев, Маҳмуд Бобоҳоҷиев, Маҳмадюсуф Мирзоев, Қиёмиддин Ҳотамов ва дигарон роҳу усули кишт, парвариш ва нигоҳубини шолиро ба ҳамдиёрон маслиҳат медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар ҳудуди деҳоти Хурмӣ 12 коргоҳи хурди коркарди шолӣ фаъолият  дорад. 
Ягона ҳолате, ки ба кори кишоварзон халал мерасонад, ин баландшавии оби дарёи Зарафшон ва аз маҷро баромадани он мебошад. Хушбахтона, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, махсусан раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, барои бартараф кардани ин хатар тамоми чораҳоро меандешад. Мустаҳкам кардани соҳил ва бунёди садҳои устувор ташвишу изтироби моро бартараф кард. Шолипарварон барои чунин ғамхориҳо аз раиси шаҳр сипосгузоранд.
Масоҳати шолизор сол ба сол фарохтар мешавад. Барои мисол, соли гузашта 60 гектар, имсол боз 20 гектар заминҳое, ки қаблан бекорхобида буданд, ё ин ки зери оби дарё мемонданд, ба киштзори ин зироат ҳамроҳ карда шуданд. Умед дорем, ки дар ояндаи наздик боз 200 гектар заминро  ба ихтиёри шолипарварон диҳем.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мекунанд, ки бо назардошти вазъи ҳассос ва тағйирёбандаи ҷаҳон, ҳар оила бояд  барои ду сол маҳсулоти ғизоӣ  захира намояд.  Шолӣ маҳсулотест, ки дар ҳолати ду-се сол ва аз он ҳам бештар нигоҳ доштан, сифаташро гум намекунад. Баръакс, баъди ду-се сол лаззаташ бештар мешавад. Ин аст, ки сокинони деҳоти Хурмӣ ин зироатро барои таъмини худу наздиконашон захира мекунанд.  
Мо ният дорем, корхонае бо мақсади бандубасти биринҷ бо бренди "Хурмӣ" таъсис диҳем. Пешниҳоди мо аз ҷониби Бунёди Оғохон дастгирӣ ёфт.  Интизор меравад, ки то охири  соли равон чунин коргоҳ арзи вуҷуд хоҳад кард. Технологияи муосири коркарди биринҷ, ки дар ин росто мавриди истифода қарор мегирад, имкон медиҳад, биринҷ ягон зарра санг надошта бошад. Тозагии маҳсулот  яке аз талаботи бозор аст.
Умуман, рушди бештари корҳо дар бахши парвариши шолӣ дар замони  наздик моро ба рӯзе мерасонад, ки ба воридоти ин навъи маҳсулот ниёз надошта бошем, баръакс,  биринҷи Панҷакентро ба минтақаҳои дигар ва   хориҷи Тоҷикистон пешниҳод намоем.

Ҳусниддин КАМОЛИДДИНОВ,
раиси Ҷамоати деҳоти Хурмӣ

Санаи нашр: 21.09.2023 №: 189
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив