ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАҚШИ ЯК МАКТАБ. САҲИФАЕ АЗ ТАЪРИХИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №8

НАҚШИ ЯК МАКТАБ. САҲИФАЕ АЗ ТАЪРИХИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №8

22 сентябр 2023, Ҷумъа
23
0


Дар заминаи сохтмону навсозии муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Душанбе аз нав сохта шуд. Дар маросими ба истифода додани Муассиса пас аз навсозӣ 19 марти соли 2014, дар арафаи Ҷашни Наврӯз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат карданд.

Мактаб соли 1948 сохта шуда, бо дастовардҳо ифтихори пойтахт гардидааст. Сарфи назар аз душвориҳои пас аз ҷанги дуюми ҷаҳон,  хонандагон ахлоқи намунавӣ доштанд. Эмил Бромберг, Алберт Аминов, Далер Мамадҷонов, Мансур Хоҷаев аввалин шогирдоне ҳастанд, ки мактабро бо медали тилло хатм намуданд.
Аввалин директори мактаб, мутахассиси олмонӣ Лев Исаакович 35 соли ҳаёти худро сарфи пешрафти ин даргоҳи таълимӣ намуд. Маҳз бо ташаббуси ӯ соли 1954 мактаби №5-и духтаронаи шаҳрро ба ин мактаб ҳамроҳ намуда, ба он №8 ва бо қарори Совети вазирони Тоҷикистон номи академик Е.Н. Павловский гузошта шуд. Бо ташаббуси Лев Исаакович академик Павловский ду маротиба меҳмони таълимгоҳ гардидааст. Е.Н. Павловский аз соли 1946 то 1951 дар шаҳри Душанбе зистааст ва яке аз бунёдгузорони Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад. Соли 1953 бо даъвати Павловский хонандагони фаъоли мактаб ба тамошои шаҳри Ленинград рафтанд. Соли 1984 бошад, хонандагони мактаб Н. Контяева, Ф. Каримов, Р. Маҳкамова ҳамроҳи директор иштирокчиёни маҷлис ба ифтихори 100-солагии Е.Н. Павловский дар шаҳри Ленинград буданд. Баъдан, 100-солагии академик дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ва МТМУ №8 низ бошукӯҳ ҷашн гирифта шуд.
Солҳо сипарӣ мешуданд. Хонандагони муассиса пешоҳангиро дар давраи соҳибистиқлолии кишвар идома доданд. Соли 1997 хонандагони пешқадам С. Усмонова, Н. Расулова, М. Соловёва дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Муассиса бошад, дар шаҳр ҷои аввалро гирифт.
Омӯзгорон ва хонандагон дар муддати 75 сол анъанаи пешоҳангиро идома дода, ҳамеша дар олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳурӣ фаъолона ширкат мекунанд ва бо дастовардҳо вирди забонҳо гаштаанд.
Роҳбарии муассисаро имрӯз омӯзгори ботаҷриба Азизбек Боронов бар уҳда дорад ва ҳамроҳи коллективи омӯзгорон диққатро бар он равона кардаанд, ки соли таҳсили 2023-2024-ро бомуваффақият ҷамъбаст намоянд.

Алихон МАҲМАДОВ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Санаи нашр: 21.09.2023 №: 189
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив