ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

22 сентябр 2023, Ҷумъа
57
0


100 АСАРИ РАССОМОНИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши офаридаҳои рассомони давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо – омили ҳифзи баҳри Арал» ифтитоҳ гардид. 
Дар намоиш 100 асари сураткашони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба маъраз гузошта шуд. Мавзуи асосии мусаввараҳо табиат, об, тағйирёбии иқлим, наҷоти баҳри Арал ва фоҷиаи он буда, дар сатҳи баланд ва жанрҳои гуногуни ҳунари рассомӣ офарида шудаанд. Ҳадафи асосии намоиш ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва табиат мебошад.

ҲАФТАИ «БОЗЁФТ»
Аввалин бор дар Душанбе
Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал аз 18 то 23-юми сентябр дар ҷумҳурӣ ҳафтаи «Бозёфт» гузаронда мешавад. 
Иқдоми мазкур амалисозии тадбирҳо вобаста ба эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби хонандагон ба омӯзиши амиқи фанҳои табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои навро дар назар дорад.


ӮЗБЕК ВА ТУРКМАНҲО ДАР ФЕСТИВАЛИ “ОШИ ПАЛАВ”
Дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»-и шаҳри Душанбе намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур ва фестивали «Оши палав» доир гардид, ки дар он намояндагони баландпояи ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон иштирок карданд. 
Дар намоиш кишоварзони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳсулоти гуногун, аз ҷумла меваю сабзавот, намудҳои палав ва ҳунарҳои мардумиро пешкаши меҳмонону сокинони пойтахт гардонданд.

Латифабону РУСТАМЗОДА, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 21.09.2023 №: 189
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив