ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ДАРДИ САР»-И АНДЕШАЗО

«ДАРДИ САР»-И АНДЕШАЗО

17 феврал 2023, Ҷумъа
50
0
Китоби нави шоир, нависанда ва рӯзноманигори пуркору хушсалиқа Абдулқодири Раҳим бо номи «Дарди сар» ба дастам расид. «Чӣ дарди саре Абдулқодирро сари ташвиш, андеша кашида бошад?» – гузарондам аз дил. Пеш аз ин романҳои ӯ «Рангҳо» ва «Марг»-ро, ки бо сабку услуби хос иншо шуда буданд ва тамоюли маърифатӣ доштанд, мутолиа карда будам. Худи Абдулқодир, ки аз адабиёти паҳновари классикӣ, сарчашмаҳои динӣ донишу маърифати зиёд андӯхтааст, осори ӯ ва қаҳрамонҳои ормонии аз бинишу фаҳмиш ва баҳсу дарёфти ҳақиқат перомуни хулқу атвор дилпурона андеша меронанду амал мекунанд. Ба назарам «Дарди сар» идомаи таҳқиқи бадеии боҷуръатонаи ду асари аввал намуд.
Абдулқодир «Дарди сар»-ро гӯё дар як нафас навиштааст, вале бандубаст, истифодаи санъатҳои бадеӣ, гуногунрангии қаҳрамонҳои армонӣ, пурмағзии муколама ва андешаву мафкураи онҳо хеле ҷолибу қавист. Асар бемуҳобот аз руҳи динӣ – дунявӣ саршор асту дар насри муосир тоза. Муаллиф ҳам сабки суреализм (ҷодуӣ), ҳам реализмро бо нигориши мазҳакаву тамасхур омезиш дода, дунёи мураккабу аҷиби ботини қаҳрамонҳои гуногунхислатро, ахлоқу ҳирси хурофотпарастӣ ва боз аз олами дину мазҳаб ноогоҳ будани баъзе тоифаҳои худхоҳро фош месозад ва ҷавонони ғофилу гумроҳро ба ҳушёриву зиракӣ даъват мекунад. Нависанда зимни таҳқиқи бадеӣ донишу маърифати динии хонандаро ба дақиқназарӣ, худшиносӣ, эҳтироми расму таомул ва мазҳаби хеш ҳидоят менамояд. Ва риояи адлу инсоф, меҳанпарастӣ, танзими маросимҳоро бо шиорҳои хушку холӣ не, бо ҷузъиёту далелҳо зарур мешуморад.
Нигориши асар шеваи руъё ва тахайюлро дорад. Дар ин замина, Файзигул қаҳрамони барои хонанда наву омӯзанда мебошад. Дониши хуби динӣ, илоҳӣ ва дунявию маърифатии муаллиф дар ин асар пурҷилост. Образи пирони хирад, аҳкоми дин дар асар серпаҳлу ва заминӣ тасвир ёфта. Аз мутолиаи «Дарди сар», шод шудам ва ба муаллиф офарин хондам. Ба ростӣ, ин асар андешазост ва хонандаро ба покии ботин, рафтору кирдори нек водор месозад. Ва бовар дорам, ки аҳли назари «Дарди сар»-ро бо чашми кам, сарсарӣ намебинад ва оид ба паҳлуҳои гуногуни он изҳори ақида менамояд.
Мавзуи ҳикояҳои ин китоб ҷолиб, амали қаҳрамонҳои армонӣ омӯзандаву ибратбахш мебошанд. Ба андешаи камина хонанда аз мутолиаи китоби нави адиби хушбаёну тозаҷӯ Абдулқодири Раҳим «Дарди сар» донишу маърифати ахлоқӣ меандӯзад
 
Абдулҳамид САМАД, 
Нависандаи халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 17.02.2023 №: 38
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив