ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЮНЕСКO.  МАМНУЪГОҲИ “БЕШАИ ПАЛАНГОН”  БА ФЕҲРИСТИ МЕРОСИ ҶАҲОНӢ ВОРИД ШУД 

ЮНЕСКO.  МАМНУЪГОҲИ “БЕШАИ ПАЛАНГОН”  БА ФЕҲРИСТИ МЕРОСИ ҶАҲОНӢ ВОРИД ШУД 

26 сентябр 2023, Сешанбе
35
0


Дар иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор гашт, Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон»-и Тоҷикистон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, - хабар додааст Вазорати корҳои хориҷӣ. 
Дар иҷлосия, ки бо ширкати намояндагони беш аз 100 давлат 10-уми сентябр оғоз гардид, то 25 сентябр идома ёфт.
Омода намудани пешниҳоди Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО соли 2020 оғоз гардида, гурӯҳи кории махсус дар ҳайати кормандону мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист, олимон ва коршиносони миллӣ таъсис ёфта буд.
«Бешаи палангон» аввалин мамнуъгоҳи табиии давлатии Тоҷикистон буда, бо мақсади ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои нодири биёбону туғайзор ва ҳайвоноти хоси он 4-уми ноябри соли 1938 таъсис дода шуда, тибқи таснифоти мавҷудаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN), ба категорияи I минтақаҳои муҳофизатшаванда дохил гардидааст. Мамнуъгоҳ дар қисмати ҷанубу ғарби Тоҷикистон, дар минтақаи биёбон, дар байни дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон воқеъ мебошад. Майдони умумии заминҳои Мамнуъгоҳ 49,7 ҳазор гектарро ташкил дода, ҳудуди онро майдони васеи экосистемаҳои биёбону ҷангалзор дар соҳили чап ва рости дарёи Вахш фаро мегирад. 
Ҷангали мамнуъгоҳ яке аз гӯшаҳои табиати зебои Тоҷикистон ва макони дорои асрори хоси табиии бисёрасраи эволютсионӣ буда, робитаи олами наботот ва ҳайвоноти бешазорро дар экосистемаи табиӣ дар худ таҷассум менамояд. Мамнуъгоҳ ва ҷангали он то кунун ҳолати табиии худро дигар накардааст ва дар ҳудуди он намудҳои нодир ва дар ҳолати маҳвшавӣ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот ҳифз ва нигоҳдорӣ мешаванд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.09.2023 №: 191
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив