ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 1,6 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАР АЗ ҚАТЪИ БЕОГОҲИИ БАРҚ

1,6 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАР АЗ ҚАТЪИ БЕОГОҲИИ БАРҚ

26 сентябр 2023, Сешанбе
13
0

 
Баҳору тобистони имсола нисбат ба  солҳои қаблӣ  гарм омад. Бинобар ин,  мутахассисони соҳаи кишоварзиро зарурат пеш омад, ки ҷиҳати таъмини муътадили парвариши  зироатҳои кишоварзӣ  ва боғу токзор аз пойгоҳҳои обкашӣ  бештар   истифода баранд.   Аммо мушоҳидаҳо дар айни авҷи кори саҳро: моҳҳои июн, июл ва нимаи август  бозгӯи онанд, ки дар баъзе ҳолатҳо бинобар қатъшавии неруи барқ: гоҳе бо ҷурми новобаста аз омили инсонӣ (форс мажор) ва  гоҳе бо айби кормандони шабакаҳои барқӣ  дар пойгоҳҳои обкашӣ садама ба вуқуъ пайваста, бар асари он  муддате  кишоварзони баъзе хоҷагиҳо бе об монданд.
Аз ин садамаҳои пойгоҳҳои обкашӣ  аз ҳама бештар деҳқонони шаҳру навоҳии кишоварзии вилояти Суғд: Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Конибодом, Мастчоҳ ва Ашт ба мушкили норасоии об рӯ ба рӯ гаштанд. Бо талоши масъулони идораҳои беҳдошти замин ва обёрии дар маҳалҳобуда,  мушкилиҳо дар муддати кӯтоҳ бартараф шуданд. Пойгоҳҳои обкашӣ дар вилояти Суғд нисбат ба дигар манотиқи мамлакат ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, боғдориву токпарварӣ нақши калидӣ доранд. Чаро? Зеро дар вилояти Суғд  зиёда аз 70 дарсади майдонҳои кишоварзӣ ва ё 150 ҳазор гектар, аз ҷумла дар ноҳияи Зафаробод сад дарсад, Мастчоҳ  95, Ашт 70 дарсад,  маҳз тавассути  пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд.  Яъне, ба ифодаи дигар гӯем,   ҳосили   зироату сабзавот ва пахта аз кори бомароми пойгоҳҳои обкашӣ вобастгӣ дорад. Бояд гуфт, ки дастгоҳу таҷҳизот ва муҳаррикҳои  пойгоҳҳои обкашии  шаҳру навоҳии дар боло зикршуда ҳанӯз охири солҳои шастуми қарни гузашта  насбу васл шудаанд ва имрӯз фарсудаву корношоям гаштаанд. Аммо, сарфи назар аз мушкилиҳо, бо кӯшишҳои мутахассисони соҳа пойгоҳҳо боз умри дубора ёфта, мавсими обёриро паси сар мекунанд. Мусаллам аст, ки дигар танҳо навсозии пойгоҳҳо ва насби таҷҳизоти муосири каммасрафи барқиву неруманди обкашӣ  мушкили кишоварзонро рафъ карда метавонаду бас, зеро феълан пойгоҳҳо  бо таъсири  одитарин омилҳо ба садама дучор мешаванд.
Аминҷон Абдуллозода, сардори раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд,  чанде қабл дар нишасти матбуотӣ  оид ба натоиҷи фаъолият дар шаш моҳи соли равон, аз ҷумла бо таъкид иброз дошт, ки  тибқи маълумоти идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ,  то 27-уми июли соли равон дар пойгоҳҳо ва дастгоҳҳои обкашии  вилоят 175 маротиба қувваи барқ беогоҳӣ қатъ шудааст. Аз гузориши сардори раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд ба раиси вилоят бармеояд, ки ин ҳолат, яъне беогоҳӣ қатъ кардани барқ дар  ноҳияҳои Конибодом 11 маротиба, Бобоҷон Ғафуров 110 ва  Ашт 20 маротиба ба қайд гирифта шуда, дар маҷмуъ, зарари ба пойгоҳҳои обкашӣ расида зиёда  аз 1 миллиону 653 ҳазору 500 сомониро ташил медиҳад. Бояд масъулони филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Гулистон  ин ҳолатро шарҳу эзоҳ диҳанд.  
Аммо Муҳиддин Аҳмадзода, роҳбари филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Гулистон ин даъвои сардори раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғдро  бо овардани даҳҳо санадҳои санҷишӣ ва натиҷаи муоинаҳои техникӣ рад мекунад. Ба ҳар ҳолати қатъшавии барқ дар пойгоҳҳои навоҳии вилоят мушахассан хулосаи мутахассисони барқро мисол оварда, таъкид месозад, ки  асоси қатъшавии барқ бо айби шабакаҳои интиқол набуда, балки фарсудшавии кулли таҷҳизоти пойгоҳҳои обкашист.  
Аслан, баҳсу мунозира миёни ин ду ниҳод: раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд ва  филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Гулистон солҳост, ки идома дорад, аммо дар ниҳояти кор  кишоварзон зарар мебинанд.
–  Агар мутахассисони барқ моро бо барқи  босифат таъмин созанд, эътимод дорам, ки дар мавсим чунин садамаҳо кам ба вуқуъ мепайванданд, – иброз медорад Ҳалимҷон Ҳоҷиев, муовини сардори раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд, – албатта, эътироф бояд кард, ки кулли пойгоҳҳои обкашӣ дар вилоят фарсудаву корношоям шудаанду ба  навсозӣ  ниёз доранд.
Вале айни замон зарур аст, ки мутахассисони ин ду ниҳоди муҳим дар рушди кишоварзӣ  баҳсу мунозираҳоро як сӯ гузошта, ба истиқболи ҳамдигар оянду  дасти якдигарро гирифта, ба деҳқонону боғдорон ҷиҳати рӯёндани ҳосили фаровон мусоидат намоянд. 

Ҷовиди АШТӢ,  “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.09.2023 №: 191
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив