ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Навидҳои фарҳанг

Навидҳои фарҳанг

27 сентябр 2023, Чоршанбе
20
0


ЁДГОРИҲОИ «ЗАРАФШОН – ҚАРОҚУМ» БА ФЕҲРИСТИ МЕРОСИ ҶАҲОНИИ ЮНЕСКО ВОРИД ГАРДИД
Ёдгории фарҳангии ҷаҳонии фаромиллии Роҳи Абрешим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. 
Чанде пеш зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд, ёдгории фарҳангии ҷаҳонии фаромиллии Роҳи Абрешим: «Зарафшон - Қароқум» (ёдгориҳои Панҷакенти Қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.
Ин яке аз бузургтарин дастовардҳои соҳаи фарҳанги кишвар дар даврони Истиқлоли давлатӣ буда, дар самти ҳифзу муаррифии мероси ниёгони тоҷикон нақши муассир хоҳад гузошт.


«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН»
 20-21-уми сентябр дар шаҳри Ҳисор бахши якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон»  ҷиҳати муайян намудани беҳтарин занони хизматчии давлатии мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гашт. 
Ҳадаф аз баргузории Озмун, тақвият бахшидани донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат мебошад.
Озмуни мазкур дар дар се бахш гузаронда шуд:
занон-хизматчиёни давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот; занон-хизматчиёни давлатиии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ; занон-хизматчиёни давлатии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ.
Бояд ёдовар шуд, ки Озмун моҳи ноябри соли 2023 ҷамъбаст ва беҳтаринҳо муайяну қадршиносӣ мешаванд.
Озмуни мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо  Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалӣ шудани Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 гузаронида мешавад.


ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАСНАВИХОНӢ» ОҒОЗ ШУД
Дар шаҳри Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳурявии «Маснавихонӣ» оғоз гардид. Озмун аз рӯйи бахши «Қироат ва шарҳ додани ҳикояҳои манзум ва байтҳо аз «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» доир мешавад. 
Ёдовар бояд шуд, ки даври ҷумҳуриявии Озмуни «Маснавихонӣ» охири моҳи сентябри соли равон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки ғолибони даври дуюм аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон баргузор мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки 24-уми майи соли ҷорӣ«Кулиёти Мавлоно» ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд. 
Инчунин, ҳамасола 30-юми сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ баргузор мешавад. 
Тавре иттилоъ медиҳанд, барои ғолиби даври вилоятӣ 3 ҳазор мукофотпулӣ сомонӣ муқаррар шудааст. Соҳибони ҷойҳои дуюму сеюм мутаносибан 2 ҳазор ва 1 ҳазор сомонӣмукофот хоҳанд гирифт. 

З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.09.2023 №: 191
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив