ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИТТИҲОДУ ЭҲТИРОМ – ОМИЛИ МУҲИМИ ҲАМГИРОИИ КИШВАРҲО ДАР ШАРОИТИ ТАҲДИДҲОИ ҶАҲОНӢ

ИТТИҲОДУ ЭҲТИРОМ – ОМИЛИ МУҲИМИ ҲАМГИРОИИ КИШВАРҲО ДАР ШАРОИТИ ТАҲДИДҲОИ ҶАҲОНӢ

27 сентябр 2023, Чоршанбе
15
0

 (Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи худ сулҳу иттиҳод ва ҳамбастагиро дар ҷойи аввал гузошта, мамлакатро аз вартаи нобудӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва мардумро аз ихтилофҳои байниҳамӣ дар асоси принсипи мазкур ба эътидол оварданд ва ба сӯйи ояндаи дурахшон роҳнамун сохтанд. Маҳз мактаби бузурги сулҳофарии Пешвои муаззами миллат заминаи воқеии ташаккулу рушд ва ба як кишвари озоду обод табдил ёфтани Тоҷикистон гардид. Бешубҳа, имрӯз дар арсаи ҷаҳон пешомадони бузурги сиёсӣ сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз сулҳу ҳамгироӣ маншаъ мегирад, эътироф менамоянд ва дар ҳалли қазияҳои ихтилофбарангез онро мояи асосӣ медонанд.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бори дигар аз сиёсати сулҳофар ва дӯстонаи Сарвари давлат дарак дод. Зимни ин баромади худ Президенти мамлакат аз сиёсати инсонгароёнаи Тоҷикистон ёдовар шуда, бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гӯшрас намуданд, ки вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои глобалии имрӯза бояд фарогир бошад. Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки ин мавқеъро Тоҷикистон аз аввал ҷонибдорӣ карда, пайваста зидди онҳо муборизаи беамон мебарад.
Дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ Пешвои миллат аз пайомадҳои ногувори солҳои охир дар самти тағйирёбии обу иқлим ёдовар шуда, ҷомеаи башариро баҳри пешгирии ин мушкилот ба ҳамкории якҷоя даъват намуданд. Сарвари давлат таъкид карданд: “Соли равон мо шоҳиди ҳарорати баландтарини ҳаво дар тамоми давраи мушоҳидаҳо гардидем. Тибқи гузориши охири Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ бо номи “Вазъи иқлим” гармшавии ғайримаъмулии ҳарорати ҳаво дар Осиё аз сатҳи миёна зиёдтар мушоҳида мешавад. Пайомадҳои манфии ин раванд, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, ярч ва сӯхтор дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, аз падидаҳои хеле нигаронкунанда мебошанд”. Дар ин замина, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ба Чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки барои мусоидат дар такмили низоми огоҳсозии бармаҳал, афзоиши сармоягузорӣ ва расондани кумаки молиявӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ равона гардидааст, аҳамияти хосса медиҳад.
Дигар ҷанбаи бисёр муҳим ва саривақтии суханронии Пешвои миллат, ки дархӯри ҳаёти осоишта ва рӯзгори осудаи кулли башарият аст, ба ҳамбастагию ҳамгироии минтақавӣ ва иттифоқ даъват намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Чун дар айни замон ҳамбастагии минтақавӣ ва ҳамгироӣ аҳамияти аввалиндараҷа дошта, он ба кишварҳо имкон медиҳад, ки мушкилоти рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳониро ҳал намуда, ба пойдории сулҳу субот дар ҷаҳон мусоидат кунанд ва ба ҳолатҳои фавқулода вокуниши фаврӣ нишон диҳанд. Сарвари давлат таҷрибаи ҳамбастагию ҳамгироиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мисол оварда, зикр намуданд, ки “дар натиҷаи тадбирҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таҳкими ҳамгироии минтақавӣ фазои мусоид фароҳам омадааст”. 
Ҳамчунин, Президенти маҳбуби кишвар дар ин суханронии бисёрҷанба ва пурмуҳтавои худ бори дигар аз вазъи ногувор ва хатарзои Афғонистон ёдовар шуда, амнияту субот ва ҳамкории минтақавиро дар Осиёи Марказӣ аз оромӣ ва сулҳу субот дар ин кишвар вобаста донистанд. Бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, Пешвои муаззами миллат иброз намуданд: “Тоҷикистон барои истифодаи имкониятҳои логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар сарҳад, ҷиҳати идомаи расондани ёриҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон шароити заруриро фароҳам овардааст. Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар муроҷиат намоям, ки ҳаҷми ёриҳои башардӯстонаро ба мардуми азияткашидаи Афғонистон бештар гардонанд. Дар ин росто, мо омодаи ҳамкориҳои минбаъда бо шарикони байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҳастем. Мо ҳамоно роҳандозии муколамаи байниафғонӣ ва таъсиси ҳукумати воқеан ҳамашумулро бо иштироки намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иҷтимоӣ заминаи муҳими расидан ба сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон медонем”. 
Ин нукта бори дигар шаҳодат медиҳад, ки Сарвари сулҳофари тоҷикон дар меҳвари сиёсати  созандаи  худ вобаста ба вазъи на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон низ тадбир андешида, баҳри таҳкими сулҳу суботи доимӣ ва зиндагии осудаву шоистаи дигар халқу миллатҳо тадбиру чораҳои созандаву судмандро роҳандозӣ менамоянд.
Пешвои миллат дар дипломатияи воломазмуни фарҳангии хеш урфу одат, эътиқодҳои гуногун ва арзишҳои ҳама динҳоро сазовори эҳтиром дониста, онҳоро пайвандгари ҳамдигар медонанд ва ҳамбастагии онҳоро асоси зисти осоишта меҳисобанд. Дар ин робита, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар ҳошияи ин чорабинии сатҳи баланд таъкид доштанд, ки “зуҳуроти тафриқаандозӣ, хусумати нажодӣ ва динӣ, бо дарки пайомадҳои манфии онҳо ғайри қобили қабул мебошад. Амалҳои зикршуда, инчунин, тобиши сиёсӣ додан ба масоили дину мазҳаб метавонанд пояи ҳамзистии ҷомеаи ҷаҳониро коста гардонанд. Поймолкунии эҳсоси диниву мазҳабӣ, нафрат ва зӯроварӣ нисбат ба ҳар гуна дин ё эътиқод оқибатҳои фоҷиабор дорад”. Ҳамин сиёсати инсонгароёнаи Пешвои муаззами миллат боис шудааст, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистони азизи мо ҳама гуна муқаддасоти эътиқодии мардум дар дараҷаи олии эҳтирому эътироф қарор доранд. Ба андешаи Савари тоҷикони ҷаҳон, таҳқири муқаддасоти эътиқодии мардум чун амалҳои иғвоангезона дар аксари ҳолатҳо асоси таҳаммулнопазирӣ ва нобоварӣ гардида, боиси ихтилофу низоъ байни тамаддунҳо мешаванд. “Ба ин манзур, Тоҷикистон ҳама гуна таҳқири муқаддасоти эътиқодии мардум, аз ҷумла Қуръони карим ё дигар арзишҳои тамаддуниву мазҳабии башариятро маҳкум менамояд”, – иброз намуданд Пешвои миллат.
Хулоса, ин суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ як дастурамали мукаммал аз мактаби бузурги сулҳофарии Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баҳамоӣ, ҳамгироӣ, иттифоқ ва ҳамзистии кулли башарият мебошад. Сарвари давлат бори дигар собит сохтанд, ки ҳамчун шахсияти бузурги таърихӣ барои роҳбаладии миллати тоҷик ва ҷаҳониён ҳамеша андеша ва амалҳои созандаву дурбинонаро роҳандозӣ месозанд. Дар баробари ташаббусҳои ҷаҳонӣ, ҳамзамон, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва мусаллаҳшавии бошитоб бениҳоят бузург мебошад. Гузашта аз ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот, ташаккули ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва низоми баробарӣ дар муносибатҳои дипломатӣ саҳми шоён доранд.
Имрӯз замоне расидааст, ки тамоми ниҳодҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ таъкидҳои Пешвои тоҷиконро чун шиор сармашқи кори худ қарор дода, баҳри оромии ҷаҳон, сулҳи башарӣ ва рушди тамоми кишварҳо мавриди истифода қарор диҳанд.

Абдухалил ҒАФУРЗОДА,
ректори Академияи идоракунии 
давлатии назди Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 27.09.2023 №: 192
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив