ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОЗМУНИ СОЗАНДА ВА ПУРИФТИХОР

ОЗМУНИ СОЗАНДА ВА ПУРИФТИХОР

27 сентябр 2023, Чоршанбе
8
0

 
Озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд “Дуои модар” маро вазифадор намуд, ки дар он бо эҳсоси масъулияти махсус ширкат биварзам. Одамӣ, дар ҳақиқат, бе дуои модар сарсабзӣ намеёбад ва ба манзили мақсуд расида наметавонад. Ин олиҳаи меҳру садоқат, сарчашмаи ҳастии инсонҳо барои тамоми мардуми олам сулҳу амонӣ ва пешрафташонро хостор аст. Ба ин хотир, Сарвари давлат 8 мартро Рӯзи Модар эълон карданд ва таъкид доштанд, то ба қадри он ҳама вақт бирасему дуояшро бигирем.  Худи Пешвои миллат, тавре аз наворҳо  дидем, ин дуоро ба даст овардаанд. Ин дуо на танҳо барои фарзандашон, балки барои амнияти кишвар, пешрафти он ва рушди фарҳанги миллӣ буд.

Бо ирсоли шеърҳоям ва нашри онҳо маро даъват карданд, ки дар ҷамъбасти он ширкат биварзам. Аз бемор шуданам дар роҳи Кӯлоб – Душанбе – Хуҷанд  метарсидам. Не, рафтам, худро беҳтар аз пештар эҳсос кардам. Фишорам муътадил гашт. Мани беш аз 80-сола ҳеҷ эҳсоси хастагӣ накардам. Қабулу пешвозгирии мо дар шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанд дар сатҳи олӣ сурат гирифт. 
Пеш аз ҳама, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд миннатдорӣ изҳор намоем, ки ин фазои софу амнро дар кишвар таъмин карданд. Бунёди шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Чанак,  долонҳои зиддитармавӣ, нақбҳо, ки ба афсона мемонданд, ба боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, пешрафти кишвар мусоидат намуданд. 
Тасаввур намекардам, балки интизор ҳам набудам, навиштаҳоямро бо гирифтани ҷойи якуми Озмун қадр мекунанд. Аммо медонистам, ки аз меҳмоннавозӣ, истиқболи гарми мардуми вилоят, хусусан раиси вилояти Суғд ҳатман бархӯрдор мешавам. Мо борҳо аз истиқболи гарму самимии онҳо, бахусус раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баҳравар шудаем. Ин бор аз интизориамон  зиёдтар ва дар сатҳи баланд пазироиву меҳмоннавозӣ карданд.
25-уми сентябри соли равон дар пояи муҷассамаи “Дуои модар” гулгузорӣ намудем. Муҷассама бисёр бошукӯҳ ва зебо бунёд ёфтааст. 
Ҳамаи озмунҳои ин рӯзномаи бонуфуз, яъне “Ҷумҳурият”, дар сатҳи баланд доир мегарданд ва ҳам омӯзандаанд. Онҳо дар тарбияи насли наврас, бавижа боло бурдани худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ, гиромидошти забони давлатӣ, бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ, қаҳрамонони Тоҷикистон таъсири нек гузоштаанду мегузоранд. 
Ба сармуҳаррири “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода ва аҳли эҷоди он низ, изҳори сипос мекунам, ки чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо доир мекунад. Моро боз бештар ин эълони раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хуш омад ва шод намуд, ки “Соли оянда низ дар баргузории озмуни навбатӣ бо ин рӯзномаи бонуфуз ҳамкориро идома медиҳанд”.

Ҳақназар ҒОИБ,
Шоири халқии Тоҷикистон, 
барандаи ҷойи аввали Озмуни 
“Дуои модар” дар назм

Санаи нашр: 27.09.2023 №: 192
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив