ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗИҲОИ ОСИЁ

БОЗИҲОИ ОСИЁ

29 сентябр 2023, Ҷумъа
4
0


Варзишгарони риштаи ҷудои Тоҷикистон бо се медал ба Ватан бармегарданд

Ҷудокори шинохтаи кишвар Темур Раҳимов миёни сангинвазнҳо дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 мақоми дуюмро касб кард.
Паҳлавони мо дар даври аввал озод буд ва дар даври 1/4 ниҳоӣ бар Ли Руйхуани (Чин) ғолиб омад. Барои роҳ ёфтан ба финал Темур гӯштигири Корея Ким Минйонгро аз сари роҳаш дур кард. 
Дар рақобати ҳалкунанда ҷудокори мо аз Магомедумар Магомедумаров (АМА) шикаст хӯрда, барандаи нишони нуқра гардид.
Ёдовар мешавем, ки ин сеюмин медали Тоҷикистон дар XIX Бозиҳои Осиё мебошад. Қаблан, Сомон Маҳмадбеков медали тилло ва Беҳрӯзи Хоҷазода нишони биринҷӣ гирифта буданд. 
Ҳамин тавр, ҷудочиёни тоҷик бо се медал (тилло, нуқра ва биринҷӣ) аз Чин ба Ватан бармегарданд. 


БОКС
Ғалабаи Асрор ва Муҳаммад

Боксчиёни тоҷик Асрор Воҳидов (-57 кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг)  дар даври аввали Бозиҳои Осиё бар рақибонашон зафар ёфтанд.
Асрор Воҳидов дар рақобати нахусташ Сулия Хамми (Лаос)-ро шикаст дод. Дар даври баъдӣ (30-юми сентябр) боксчии мо бо Салим Ҳусайн (Бангладеш) неру месанҷад. 
Муҳаммад Аброриддинов бошад, бар Муҳаммад Алхефити (АМА) ғалаба карда, дар даври дигар, ки 30-юми сентябр баргузор мегардад, бо Баҳодир Жалолов (Ӯзбекистон) зӯр меозмояд. 


ТЕННИС
Хачанов ва Зверев дар мусобиқаҳои АТР-и Чин ғолиб омаданд

Карен Хачанов, теннисбози рус, дар мусобиқаи  ATP 250 (Чжухай, Чин) ғолиб омад. 
Тибқи иттилои сомонаи sportbox.ru, ӯ дар финал бар Есихито Нисиоку (Ҷопон) бо ҳисоби 2:0 (7:6 (7:2), 6:1) ғалаба кард. 
Бояд гуфт, ки ин 5-умин унвони қаҳрамонии Хачанов дар мусобиқаҳои ATP мебошад. 
Дар сабқати дигари АТР, ки дар Чэндуи  Чин  баргузор гашт, Александр Зверев дар қувваозмоии финалӣ теннисбози рус Роман Сафиуллинро бо натиҷаи  2:1 (6:7 (2:7), 7:6 (7:5), 6:3)  мағлуб намуд.  
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш

Санаи нашр: 27.09.2023 №: 192
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив