ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Баррасии хатти сарҳад миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии хатти сарҳад миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

29 сентябр 2023, Ҷумъа
10
0


19-25-уми сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, зимни вохӯрӣ масъалаҳои гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардида, протоколи дахлдор ба имзо расид.


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар 67-ум Конфронси умумии АБНА
25-уми сентябр дар шаҳри Венаи Австрия 67-ум Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) шуруъ шуд, ки то 29-уми сентябр идома меёбад.
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири саноат ва технологияҳои нав А. Назар дар ин ҷаласа ширкат карда, дар бораи сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба бо ниҳоди мазкур дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои ядроӣ дар доираи барномаҳои АБНА, лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, бахусус ҳифзи пиряхҳо дар доираи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон роҷеъ ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баромад намуда, аҳамияти безараргардонии ҳудудҳои аз истеҳсолоти уран зарардидаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, корҳои анҷомшудаи солимгардонӣ, мушкилоти ҷойдошта ва татбиқи иқдомҳои баъдиро таъкид кард.


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии туризм

27-уми сентябр дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии туризм ҳамоиш доир гардид.
Ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар  ҳамоиш, имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳу усулҳои таъмини рушди устувори соҳа дар шароити имрӯза баррасӣ шуд.


Дар ДМТ маркази омӯзиши робототехника таъсис меёбад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) маркази омӯзиши робототехника ва озмоишгоҳҳои наву замонавӣ таъсис меёбанд ва дар заминаи онҳо ташкили ихтисосҳои нави мувофиқ ба талаботи замон ба нақша гирифта шудааст. 
Дар робита ба ин ва амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ректори Донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода ба ҳайати устодону кормандони факултети физика дастур дод, ки табодули устодону донишҷӯён ҷиҳати анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва омӯзишӣ дар хориҷи мамлакат зиёд гардида, омӯзгорон низ бояд аз давраҳои такмили ихтисос гузаранд.


Дар водии Яғноб ду пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар мавзеъҳои Даҳана ва Дуобаи водии Яғноби ноҳияи Айнӣ ду пули мошингузар ба истифода дода шуд. 
Ба иттилои хадамоти матбуоти вилояти Суғд, пулҳо дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми деҳот тавассути дастрасӣ ба инфрасохтори деҳот дар водии Яғноб», бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ сохта шуданд. Дар натиҷаи сербориш омадани фасли зимистони соли гузашта роҳи водии Яғноб то моҳи май баста буд.

Санаи нашр: 28.09.2023 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив